Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Мадрушкат ҷамоати деҳоти Лангар, бо сокинон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби муайян намудани мақсади ташриф дар варақаи муҳоҷиратӣ, муҳлати будубош дар қаламрави давлати номбурда, бақайдгирии муҳоҷирати дар муддати муайяншуда ва муроҷиат ба Хадамоти федералии муҳоҷиратӣ, тартиби супоридани имтиҳони забони русӣ ва гирифтани Сертификати он, тарзи гузаштан аз ташхиси духтурон, тартиби гирифтани иҷозатнома барои кор (Патент) ва ҳудуди амалии он ва дар ниҳоят фаъолияти меҳнатӣ намудан дар асоси шартномаи меҳнатӣ ва тарзи ба имзо расонидани он бо корфармо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ, вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Инчунин, ба самъи сокинони ноҳия расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30.12.2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Дар поёни вохӯрӣ ба сокинон оиди дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 қисми 1 аз 15.04.2025, №2163 ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ, тағйирот ворид карда шуда, маълумоти муфассал дода шуд.
Дар баробари ин аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ кӯшиш намоянд ва ба истифодаи ғайримақсаднок ва бар хилофи қонун амал нанамоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд