Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати дар шаҳри Хуҷанд дар бозори Панчшанбе бо шаҳрвандон ва фурӯшандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки доир ба эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, ҳимояи он аз таҳдиди хатарҳои муосир, мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, гузаронида шуд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳи бо усули суҳбати рӯ ба рӯ оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, соҳибкасб гардидан доир ба огоҳсозии ва пешгирии аз амалҳои номатлуб, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарастӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлуб, ҷинояти занон тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, терроризму – экстремизм, коррупсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави Федератсияи Россия, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, муқовимат бо савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, баргузор гардид.
Дар суҳбат бо сокинони шаҳри Хуҷанд, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюраҳо ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд