27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст. Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Вале мутаасифона мо тоҷикон, ки як давраи ҳассоси таърихӣ қарор доштем дар аввал наметавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолиятро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.
Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: Давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.
Дар он рӯзҳо барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳасоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.
Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қимату бузургии онро афзун гардониданд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигоҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.
Дар чунин рӯзи барои миллат муқаддас ва тақдирсоз як лаҳза ҳам бошад, биёед рӯ ба таърих биёрем. Салтанати бузурги Сомониён то замоне, ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод, қарнҳо пойдору устувор буд. Замоне, ки ваҳдат дар он халалдор шуд он империяи бузург мувоҷеҳ ба шикаст шуд. Ё мисоли дигар, давлати Сомониён. То замоне, ки фарҳанги ваҳдатсози асосгузори ин давлати бузурги аҷдодии мо Исмоили Сомонӣ ҳукмрон буд давлати Самониён ҳам пойдор буд. Ва таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чи дастовардҳои бузурги илмию эҷодӣ муваффақ гаштаанд. Ҳамаи он дастовардҳо аз ваҳдат ба даст омада буданд. То замоне, ки ваҳдат поянда буд, халқ орому осуда зиндагии осоишта ба сар мебурд. Пас бузургии ваҳдатро пос бояд дошт ва ба қадри бебаҳо будани ин дастоварди миллат бояд расид. Онро ҳамчун дастоварди муқаддас пос бояд дошт.
Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус, Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд “Арзиши муқаддасу таърих ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботу сиёсӣ мебошад”. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадоем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст аз ҷониби созишномаи байналмилалӣ эътироф гардида ҳамчун таҷрибаи баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои дигари сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳар вақта дида содиқона дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Фақат ва фақат чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад. Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷои сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишиносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигоҳ дорем.
Мухамедҷонова Парвина,
Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва ба нақшагирӣ Хадамоти муҳоҷират