Ҳамватанони азиз!
Бо хуштарин калому самимитарин меҳр ҳамаи шуморо бо фарорасии санаи бисёр муқаддасу маҳбуб, ҷашни сулҳу дӯстӣ, якдилию якмаромӣ, сидқу сафо, муттаҳидию ягонагӣ – Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, иқболи хуҷаста, саодати рӯзгор, муваффақияту музаффарият ва ба Ватани маҳбубамон шукуфоиву ободӣ, тинҷиву осудагӣ, пойдории сулҳи ҷовидонаро таманно менамоям.
Воқеан, Ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат аст, шаҳсутуни бахти миллат, шуҳрату шону тахти миллат аст. Ваҳдат хандаи ширин ба лаб ва ҳам меҳр дар қалбҳо аст.
Чун душманон давлату миллатеро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданӣ мешаванд, сараввал мекӯшанд, ки Ваҳдати ин мардумро аз байн баранд. Бо ҳамин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофоти ваҳдатшикан барафрӯхта шуд, вале ин миллати тоҷвар, ки бо шебу фарози таърих бисёр бархӯрд кардаву аз банди басо макру ҳияли кинаваронаш раҳо хӯрда буд, дар марҳилаи навини тақдирсози хеш ба рағми ҳама монеаву талошҳо устуворона истодагарӣ намуда, Ваҳдаташро чун гавҳари нобу пок ҳифз намуд ва ба рӯзгорони саодатбору тарабафзо бирасид.
Дар ин марҳилаи пурҳаводис, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамою пешбар ва рӯҳбаландсозу парчамафрози аҳли Ватан буданд. Бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи ин Қаҳрамони миллат 27-уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» ба имзо расида, кишвари ҷангзадаи мо аз нав ба ошёни Сулҳу Ваҳдат табдил ёфт ва аз ин пас вожаи «Ваҳдат» ба маҳбубтарину ширинтарин ва гӯшнавозтарин вожаи забони тоҷикӣ мубаддал гашт.
Он замон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамагӣ 6 сол дошт. Вале аз рӯзи имзои Созишномаи мазкур ҳама рӯзу ҳама соат дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишварамон дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мешавад.
Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ роҳи моро дар оянда мунаввару шукуфон сохтанд. Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба дастовардҳои муҳиму самарабахш ноил гардид, ки баҳри рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини тоҷик ва беҳбудии вазъи некӯаҳволии мардум заминаи мусоид гузоштанд.
Воқеан, мардуми шарифи кишвар ҳар солгарди ба имзорасии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон»-ро дар баробари ҷашни Истиқлоли давлатӣ қадр мекунанд ва тантанавор ҷашн мегиранд. Чуноне, ки Пешвои ваҳдатовари миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Бинобар ин, ҳар як фарди бедордил ва бонангу номусро зарур аст, ки ба қадри ҳар як қатра обу ҳар як зарра хоки ин сарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои Ваҳдату Истиқлоли миллӣ, ба қадри шоҳкориҳои азими аср бирасанд, Ватанро дӯст доранд, худшиносу худогоҳ бошанд ва бо тамоми ҳастӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, ободию шукуфоии он хизматҳои шоён намуда, саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Муқаддасӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ ва Тоҷикистони ваҳдатшиор орзуи ҳамешагии мост!