Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳ – Ваҳдат мафҳумест бузургу пурборуранг, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият, нишонаи озодию зиндагии ороми давлату миллат, таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ ва озодихоҳиву ватандӯстӣ мебошад.
Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо бо ин ваҳдату истиқлоли давлату миллати хеш фахр мекунем шукрона мекунем, ки мардуми соҳибваҳдатем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин карда метавонад. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонем. Ваҳдат барои миллати мо шарафу номус аст ва шояд он бузургтарин дастоварди миллати шарафманди тоҷик маҳбус ёбад, ки ба бисёр миллату халқиятҳои ҷаҳон муяссар нашудааст.
Акнун замоне, ки сухан дар бораи ваҳдати комил ва ё бутун меравад, мо бе ягон мамоният ва дудилагӣ гуфта метавонем, ки тоҷикон ваҳдати миллиро бо дастгирию талошҳои бевоситаи Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаанд ва мо мардуми тоҷикистониён ба ин шахси барӯманди ин давлату ин миллат аҳсан мегӯем.
Чуноне, ки Бозор Собир гуфтаанд:
Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат.
Мо дар асл бояд фаромӯш накунем, ки сулҳу салоҳ ва ризояти миллӣ неъматҳои волотаринанд ва ҳифзу пойдории онҳо вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистони азиз маҳбус мешавад.
Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони ин миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.
Бояд зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ ба осони ба мо муяссар нашудааст, аз ин рӯ ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бузурги таъирихӣ расида бошем ва барои таҳкиму поянда нигоҳ доштани он кушиш намоем.
Аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ натанҳо ҷашни аз нав эҳёи давлати мост, балки тавлиди ҳар як фарди кишвар, ҳар як фарди тоҷик аст. Барои миллати мо беҳтарин дастоварди даврони истиқлолият ба шумор рафта, ҳеҷ гоҳ моҳияти хешро аз даст нахоҳад дод. Арзиши дар қалби мо ва наслҳои оянда абадан боқӣ хоҳад монд.
Чуноне, ки гуфтаанд:
Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,
Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.
Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,
Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.
Аз рӯйдодҳои муҳимми тақдирсози миллати тоҷик хеле солҳо сипарӣ гаштанд. Агар ба таърих назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани давлату миллат ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат чеҳраи таърихие лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи бонувон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор созад. Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуданд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самари некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон қайд намуда буданд, ки “Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳамулпазарии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Яъне сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода анҷом доданд, натанҳо дар байни мардуми Тоҷикистон обурӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаашон дар тамоми дунё ҳамчун як мактаби нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътироф пайдо кард.
Мо, ҷавонон фарзандони истиқлолият мебошем, зеро дар канори истиқлолият ва ҳамроҳ бо озодиву соҳибихтиёрии ватанамон ба камол расида нашъунамо ёфта истодаем.
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла, мо – ҷавонон насли хушбахттарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем.
Бинобар ин, мо фарзандонро дар руҳияи садоқатмандӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Бигзор, ба бахти онҳо сулҳ пойдор бошаду осмон ҳамеша софу беғубор бимонад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони тоҷикро сарҷамъ намуданд, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиатномаи худ барои ба Ватан баргаштани ҳамватанонамон аз хориҷи кишвар таъкид намуда буданд: “Бародар аз пайи кинаи бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи нодориро равшан хоҳад кард”.
Оре, шахси худогоҳу ватанпарвар Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро барпо карданд, бунёди давлати ҳуқуқбунёди демокративу дунявии мо, Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақилро асос гузошт.
Ҷанги шаҳрвандӣ ҷанге буд, ки дар паи он бадтарин рӯзҳо ба миллати тоҷик омад! Хушбахтона, бо дастгириву пешниҳод, ҷаҳду талош, ҷонбозиву талошҳои фарзанди фарзонамиллати тоҷик, Сарвари мушфиқу ғамхор, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳу ваҳдат расидем.
Мафҳуми истиқрори сулҳ, истиқлоли миллӣ имрӯз баҳри мо муқаддасанд. Ҳоло, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем боз ҳам аз мавҷудияти чунин хушиқболӣ ҳарф мезанем. Зеро ки даврони осудаву фазои тинҷ дорем, соҳиби Ватани озодем, ки тамоми ҷаҳон мешиносанду чун мардуми сулҳпарвар эътироф доранд ва бо ифтихор метавонем гӯем, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидаанд.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараққикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.
Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Олимзода Орифҷон Олим,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб