Ватан барои ҳар инсон муқаддаст

 Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои худшиносӣ ба шумор меравад. Шахси ватандӯст худро ҷузъи ҷудонашавандаи миллат меҳисобад ва дарк мекунад, ки рушди фардии ӯ бевосита ба пешрафти ҷомеа вобаста аст. Дар мисоли Тоҷикистони муосир, ки марҳалаи пурпечутоби пас аз ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, метавон гуфт, ки эҳсоси ватандӯстӣ ҳамчун нерӯи ягонагӣ ва созандагӣ нақши бузург дошт. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки ватандӯстӣ бояд меъёри рафтори ҳар як шаҳрванд гардад.

Ватан барои ҳар инсон муқаддастарин ва азизтарин арзиш аст. Ватандӯстӣ ин эҳсоси гарму самимии муҳаббат ба сарзамини хеш, мардум, фарҳанг, забон ва таърих мебошад. Ватандӯстиро метавон ҳамчун решаи асосии меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арзёбӣ кард. Ватандӯстӣ танҳо ба дӯст доштани як порча замин маҳдуд намешавад. Ин эҳсос бояд дар амалу рафтори ҳар як фарди ҷомеа зоҳир гардад. Шахси ватандӯст дар бораи ободии кишвар, таҳкими субот, муҳофизати арзишҳои миллӣ ва хизмат ба халқу Ватан талош мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки баъзан арзишҳои миллӣ таҳти хатар қарор мегиранд, эҳсоси ватандӯстӣ аҳамияти дучанд мегирад.

Дар кишвари мо Тоҷикистон, ки ҷомеа аз қавмҳои гуногун ва фарҳангҳои ғанӣ иборат аст, ватандӯстӣ метавонад воситаи муҳими ба ҳам овардани мардум гардад. Ҳар вақте ки мардуми як кишвар аз миллату қавмҳои мухталиф бо эҳсоси ягонагии ватандорӣ ба ҳам пайванд мешаванд, он кишвар ба сӯи субот ва пешрафт равона мегардад, омӯзиши ватандӯстӣ бояд аз овони кӯдакӣ оғоз гардад. Мактаб, оила, расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ дар ин раванд нақши бузург доранд.

Ба ҷавонон бояд таълим дод, ки хизмат ба Ватан фақат бо кор дар мақомоти давлатӣ нест, омӯзиш, ихтироот, корҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳатто, муносибати масъулиятнок ба табиат низ ҷузъи ватандӯстӣ мебошанд. Дар тамоми давраҳои таърих мафҳуми ватандӯстӣ ҳамчун омили муҳими муттаҳидсозӣ ва рушди ҷомеа нақши муассир бозидааст. Ватандӯстӣ ин на танҳо муҳаббат ба сарзамин, балки эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва сиёсии давлат мебошад.

Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ки дар роҳи тақвияти истиқлолият ва ваҳдати миллӣ қарор дорад, тарғибу ташаккули ҳисси ватандӯстӣ миёни шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон, аҳамияти хоса касб мекунад. Ватандӯстӣ дар фарҳанги анъанавии мардуми тоҷик решаҳои амиқ дорад. Аз ашъори классикони адабиёти тоҷик, ба монанди Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон, эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба халқ эҳсос мешавад.

Ҷомеа бояд асолати миллӣ ва арзишҳои фарҳангии худро ҳифз намояд, яъне ватандӯстӣ танҳо ба маънои эҳсоси эҳтиром ба гузаштаи таърихӣ нест, балки ба маънои фаъолияти созанда барои ҳифзу рушди ҳувият дар оянда низ мебошад. Таҳкими таълими фанҳои таърих, забон ва адабиёт, шиносоии амиқ бо мероси моддиву маънавии миллат, ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ ва ватаншиносӣ – ҳама воситаҳои муҳим барои ташаккули ватандӯстии насли навин мебошанд.

Гулмаҳмадзода Шамшод,

Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо