Озодӣ барои инсон муҳимтарин омил барои татбиқи кулли ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ мебошад. Вақте ки аҳли илм бо таҳқиқотҳои беназир ба фатҳи кайҳон даст мезанад, боиси таассуф аст, ки инсоният то ҳол аз пайи бартараф кардани оқибатҳои ҷиноятҳои бар зидди озодии инсон ва шаҳрванд равона гардида машғул аст. Шоҳиди гуфтаҳои боло муборизаи беамони кишварҳо ба муқобили раванди фоҷеабору хатарзо одамрабоӣ, савдои одам ва қурбониёни ин ҳодисаи номатлуб мебошад.
Мубориза алайҳи ин амали номатлуби ҷомеа ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он дар доираи санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, марҳалаҳои таърихии худро дар бар мегирад.
Ҳанӯз аз оғози асрҳои 16-19 дар баъзе кишварҳо қонунҳои алоҳида ҷиҳати озодии ғуломон ва манъи харидуфурӯши одамон қабул карда шуданд. Баъдан бо мақсади пешгирии рушди густурдаи хариду фурӯши занон дар баъзе кишварҳои мутараққӣ, аз ҷумла, ИМА чорабиниҳои гуногун, аз қабили таъсиси Конгресси махсус оид ба ин масъалаи ҳалталаб таъсис ёфт. Кумитаи байналмилалӣ дар ҳайати 2 – нафарӣ аз кумитаҳои миллӣ таъсис ёфтанд. Чунин кумитаҳо дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла, соли 1900 дар Россия бо номи “Ҷамъияти руссиягии ҳимояи занон” таъсис меёбад, ки мақсади он ҳифзу ҳимояи занону духтарон ва баргардонидани онҳо ба зиндагии маъмул буд. Соли 1901 дар Италия ва соли 1902 дар Испания чунин кумитаҳо арзи ҳастӣ намуданд. Соли 1902 бо ташаббуси ҳукумати Франсия конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар кори он 16 намояндаи миллату халқиятҳои гуногун фаъолона иштирок намуданд. Дар фарҷоми конференсияи мазкур якчанд санади байналмилалӣ, ба монанди Конвенсияи байналмилалӣ “Оид ба манъи хариду фурӯши занон” (соли 1910) коркард ва қабул карда мешаванд.
Дар ин санадҳо танҳо ҳифзу ҳимояи занону духтарон дарҷ гардида, доир ба қурбонии кӯдакон баъдтар дар дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ тағйироту дигаргуниҳо ворид карда шуданд.
10 сентябри соли 1919 ҳуҷҷати Сен-Жермен нуқтаҳои санади генералии Брюссели соли 1890-ро бекор ва пешбинӣ намуд, ки ҳизбҳои он бояд тамоми қувваро барои тамоман барҳам додани ғуломӣ ва савдои ғуломон ба роҳ монанд. Ба ин тартиб, 30 сентябри соли 1921 дар Женева “Конвенсияи мубориза бо хариду фурӯши занону кӯдакон” бо дарназардошти дигар ҷанбаҳо қабул гардид.
Дар марҳалаи гуногун, боз чандин маротибаи дигар ин санадҳои байналмилалӣ такмил ёфта, вобаста ба зарурати пешомада солҳои 1926, 1930, 1933, 1948 мукаммал карда шуданд.
Ба савдои одамон таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар оғози асри 21 ҷиддитар гардид. 9-уми декабри соли 1998 дар яке аз ҷаласаҳои СММ қарор дар бораи таъсиси кумитаи махсус доир ба коркарди конвенсия оид ба ҷиноятҳои байналмилалӣ қабул гардида, 15 ноябри соли 2000 Маҷмааи кулли СММ Протоколи ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва мубориза бо онро қабул кард, ки он ба номи Протоколи Палермо ва ё Протоколи савдои одамон маълум аст.
Ин санад чӣ будани мафҳуми “савдои одамон” ва кӣ будани “қурбонии савдои одамон”-ро муайян месозад. Вобаста ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қонун ва Кодекси ҷиноятӣ тағйироти дахлдор ворид карда шуда, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои татбиқи он таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Савдои одамон ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон дар давраи амалиёти ҷангии солҳои 1992-1997 низ ба таври назаррас афзоиш ёфта буд. Маҳз дар давраҳои амалиёти ҷангӣ аз беназоратӣ ва бенизомӣ дар масъалаи савдои кӯдакон заминаи мусоид ба миён омад ва хушбахтона, ин амали номатлуб марҳала ба марҳала аз байн рафта бошад ҳам, хатари одамрабоӣ ҳамчунон боқӣ мондааст. Аз ҷумла, дар шароити кунунӣ муҳоҷирони меҳнатӣ қишри осебпазир дониста мешаванд. Навъҳои дигари истисмор, аз ҷумла, хариду фурӯш ба хотири издивоҷи маҷбурӣ ва ё водор кардан ба гадоиро низ дар бар мегирад.
Яке аз омилҳои ба доми чунин афрод гирифтор шудани одамон, дар паст будани донишҳои ҳуқуқии онҳо дониста мешавад.
Ҳамасола бо мақсади мубориза бо савдои одамон (одамрабоӣ) дар сар то сари ҷаҳон дар Тоҷикистони мо низ 30 июл ҳамчун Рӯзи муқовимат бо савдои одамон қайд карда мешавад ва дар он беҳтарин иқдом ин чорабиниҳои огоҳкунии аҳолӣ, махсусан, насли наврас ва ҷомеа гузаронида мешаванд, ки ҳадафашон пешгирии одамрабоию одамфурӯшӣ ва дигар ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон мебошад.
Масъалаи эҳтиром гузоштан ба шахсият, муҳтарам доштани обрую шараф ва қадру иззати инсон дар ҳама асрҳо, дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи донишмандону мутафаккирон ва шоирону нависандагон қарор доштааст. Мусаллам аст, ки дар асрҳои пешин, дар замони ҳукуматдории давлатҳо ва подшоҳони кишварҳо табақаи ғуломон бевосита дар дарбори шоҳону вазирон, ҳокимони шаҳру вилоятҳо, қозиёну сипоҳиён ва амсоли инҳо мустақиман ба иҷрои кору амалҳои мухталиф машғул мешуданд. Баъдтар раванди зишту номақбул – хариду фурӯши ин тоифаи одамони беҳуқуқу бадбахт дар бозорҳои махсус ташкил ва ба роҳ монда шуд.
Ғуломию ғуломдорӣ нанговартарину зишттарин падидае маҳсуб меёфт, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон комилан зери по гардида, иззату шараф ва обрую нуфузи одамон мавриди таҳқир қарор мегирифт.Ғулом (барда) на дар радифи инсон, балки ҳамчун махлуқи безабон ва фармонбардор арзи ҳастӣ дошт.
Аз ин рӯ, мутафаккирону донишмандон ва шоирону нависандагони классики форсу тоҷик дар осори гаронмояи худ ғуломдориро зери мазаммат ва танқиди сахт қарор дода, онро боздорандаи рушду пешрафт ва ташаккулу такомул ва таҳаввули ҷомеа ҳисобиданд.
Масъалаи хариду фурӯши одамон ҳамвора аз ҷониби неруҳои равшанфикру озодихоҳи ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон мавриди накуҳиш қарор гирифта, омилҳои решагии он дарёфт, таҳлил, баррасӣ ва хулосабарорию натиҷагирӣ шудааст.
Соибов Исроил,
Сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Хадамоти муҳоҷират