Санаи 3-юми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят, Раиси Комиссия ва сарпарасти соҳа Анвар Яъқубӣ бо иштироки аъзоёни Комиссия – роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахш ва сардорони шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа асосан масъалаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба мавзеъҳои бехавф, ташкили инфрасохтор, тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузории он, дастрас намудани қарзи имтиёзнок ва кӯмакпулии яквақтаина, ҳамчунин сафарбар намудани муҳоҷирони дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни сухани ифтитоҳии худ Раиси комиссияи вилоятӣ – муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ иштирокчиёнро бо мақсад ва рӯзномаи машварат шинос намуд.
Баъдан баромади Зоидов Ҳусейнҷон. – мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, оид ба рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мухочирати дохилӣ ва экологии солхои 2024-2025 шунида шуд.
Сипас муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ аз намояндагони сохторҳои дахлдори вилоят ва раисони комиссияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо қабули қарори дахлдор ба анҷом расид.
Раёсати Хадамоти мухочират дар вилояти Сугд