Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар байни сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир ба мавзуъҳои терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони кишвар ба давлатҳои хориҷа, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, ҷалби муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ба НБО “Роғун” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, вохӯриву мулоқотҳои саривақтӣ гузаронида шуд.
Мақсад ва баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама пешгирӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракаҳои ифротгаро, терроризму экстремизм, дучори савдои одамон ва қурбониёни он нагаштан, фаҳмонидани роҳҳои муҳоҷирати қонунӣ, тартиби муҳоҷирати бехатар ва омодагӣ пеш аз сафар, мебошад.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар баромади худ, дар бораи тартиби дароз намудан ва ё кам намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, бастани шартнома бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ироа намуд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ таваҷҷуҳи сокинонро оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст, шинос карда шуд.
Корҳо дар ин самт бо маром идома дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд