Имрӯз вобаста ба вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз, афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеа ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо сокинони ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов вохӯрию мулоқотҳо доир гардид.
Аъзои гурӯҳи корӣ, ки дар он намояндагони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои номбурда низ шомил буданд, вобаста ба Паёми Пешвои миллат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” барои солҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, аз ҷумла иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳоҷирати бехатар, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақому манзалати занон, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ андешарони намуданд.
Инчунин, оид ба татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзим ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз изҳори назар карда шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур намояндагони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои болозикр, оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақаӣдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсия Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ, суханронӣ намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд