Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар утоқи кории шуъба бо муҳоҷирони меҳнатие, ки бозпас ё ихроҷ шудаанд, даъват карда шуда, вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқот, ба онҳо дар бораи пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҳолати савдои одамон фаҳмонида шуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони муқими кишвари иқомат расонида шуд, ки ҳангоми сафар дар дохили Федератсияи Россия аз як вилоят ба вилояти дигар аз интиқоли бағоҷҳои шахсони ношинос худдорӣ намоянд.
Ба самъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба фаъолияти таксиронӣ, хизматрасонии интиқоли фармоиши (доставка) машғул ҳастанд, расонида шуд, ки зимни қабули фармоиш аз фармоишгар ҳатман ашё ё бағоҷи интиқолшавандаро пурсон шаванд, ки дар дохили он чӣ мавҷуд аст.
Аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз интиқоли ашёҳои иҷозаташон мамнӯъ ва истифодаашон ғайриқонунӣ аз дасти шахсони номаълум худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ худдорӣ намоянд.
Ба иштиркодорони вохӯрӣ тавсия дода шуд, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба ҳар гуна ҳолатҳои номатлуб ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Сафорат ва Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд