Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон
Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вохӯрии саривақтӣ бо сокинон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар ҷамоати деҳоти Обшорон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба моҳияти баргузории вохӯрӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва ҷараёни татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, қоидаҳо ва қонунҳои нави муҳоҷират, моҳияти терроризму эктсремизм, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, бахусус хусусияти динидошта, ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, макру найранг ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористиву экстремистӣ, эҳсоси масъулият дар раванди ҳифзи амнияти кишвар шуғли пурмаҳсул, дуруст танзим намудани аҳолӣ ба раванди муҳоҷират ба хориҷи кишвар, шомил нашудан ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тоза кардани имону эътиқод аз хурофот ва таассуб, соҳибкасб гардидани аҳолии бешуғл, аз ҷумла занону бонувон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ гуфта гузаштанд.
Дар охир ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас дода шуд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафовут доир гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон