Тавре аз саҳифаҳои таърихи пурғановати миллатамон огоҳ ҳастем, халқи тоҷик дар тӯли солҳои зиёд баҳри ба даст овардани Истиқлоли давлатии комили худ чӣ қадар ҷонбозиву азму талошҳо намуда, бо мақсади расидан ба давлатдории мустақили навини хеш басо ҷоннисориҳо намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғози рӯзҳои эълон шудани худ ба ҳайси давлати мустақил дар раванди барқарорсозӣ ва ҳамзамон ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, оромии ҷомеа ва ба эътидол овардани вазъи муташанниҷи дар кишваррухдода бо як қатор мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.
Дар ин хусус аз гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иқтибос меорем, ки барҳақ чунин зикр кардаанд: “Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад”.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки соҳиби давлати мустақил будан, пеш аз ҳама, барои ҳар як инсони рӯйи олам бахти бузург маҳсуб меёбад. Ин падида ба хусус дар замони ҷаҳонишавӣ нақши муҳимеро мебозад. Истиқлол арзиши нодирест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, обрӯю эътибор, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои давлатро ба таври пурра таъмин менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки миллати соҳибистиқлоли мо аз он ифтихор дорад, ки тӯли зиёда аз се даҳсолаи охир соҳиби давлати мустақили худ гардида, ба Истиқлоли комили сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии худ шарафёб гардид. Истиқлоли сиёсӣ аз истиқлоли миллӣ, марзӣ, фарҳангӣ ва забонӣ иборат буда, дар маҷмӯъ он аслан гирем Истиқлоли давлатиро ифода менамояд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлоли миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад.
Аз ин рӯ, Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ, мазҳари ормонҳои таърихӣ, ҷавҳари ҳуввияти миллӣ, саргаҳи Ватану ватандорӣ ва пояи устувори давлату давлатдорӣ мебошад. Зеро муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат истиқлол аст. Бе истиқлоли комили сиёсию иқтисодӣ миллат дастнигару тобеъ буда, маҳрум аз комёбиҳову эътирофу шаъну шараф мемонад. Бинобар ин, инсоният дар раванди зиндагии худ пайваста ҷаҳду талош менамояд, ки дар ин ҷода бамуваффақиятҳои назаррасе ноил гардаду аз шаҳди шаккарини он ком ширин намояд. Ва барои ин гуна комёбиҳо ҳамеша талошу мубориза мебарад.
Муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат Истиқлол аст. Тавре, ки Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром мебошад. Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад”.
Миллати соҳибфарҳанги тоҷик танҳо дар охири солҳои 90-уми асри гузашта тавонист, ки дубора ба Истиқлоли комили сиёсии худ расад ва соҳибихтиёрии миллиро ба даст оварад. Имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз150 кишвари олам ба расмият шинохта ва онро ба таври пурра эътироф менамоянд. Кишвари соҳибистиқлоли мо низ бо баробари эътироф кардани Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои сатҳи байналхалқӣ тавонист, ки дар арсаи олам сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ созад. Истиқлол нишонаи асосии ҳастии миллат, кафили зиндагии босаодати мардум ва неъмати бебаҳоест, ки вуҷуд доштанаш неъматҳои дигаро ба бор меорад.
Тавре хуб медонем, Ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯзҳо таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба Истиқлоли комил пеш аз ҳама ҳалли чаҳор масоили зеринро ҳадафи асосии худ қарор додааст, ки инҳо таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инчунин таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат мебошанд.
Бояд қайд кард, ки таърихи куҳанбунёди давлату давлатдории мо низ гувоҳ бар он аст, ки дар сурати аз байн рафтани ҳамбастагиву сулҳу Ваҳдати миллӣ, пайдо шудани нофаҳмиҳо дар миёни мардум, гурӯҳҳои ҷудоиандозу иғвогар ва ихтилофпараст ва бадхоҳу бешараф бо роҳи сӯйистифода аз манофеи ғаразноки худ миллатро ба сӯйи низоъу парокандагӣ ва нобудӣ кашида, ҳамзамон мехоҳанд, ки авзои кишвари ободу зебо ва осоиштаро ноором созанд.
Ногуфта намонад, ки маҳз дар ҳамон солҳои вазнини ба даст овардани Истиқлоли кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори гарони аз вартаи басо ҳам душвори бесарусомонӣ ва пурхатар баровардани кишварамонро бар дӯши худ гирифта, шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, дар он солҳои дар вазъияти басо ҳам муташанниҷ қарордошта ҷон ба кафи даст ниҳода буданд ва ниҳоят бо роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ кишварамонро аз ҷанги таҳмилӣ ва вартаи фалокату фаношавӣ наҷот доданд. Натиҷаи талошу бедорхобиҳои ин ҷавонмарди далеру шуҷоъ ва фидоии миллату Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки ниҳоятан дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, феълан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт гардида аст.
Имрӯз иқдоми наҷибу формулаи сулҳовариву сулҳофарии Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври объективона аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бесобиқа ва нодир арзёбӣ гардида, боз як бори дигар тоҷиконро чун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ намуда, мақому манзалати кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам болову баланд бардошт, ки имрӯз ин падидаи нодири таърихӣ боиси ифтихори ҳамаи мову шумост.
Хулоса, метавон гуфт, ки ба шарофати ба даст омадани сулҳу ваҳдатимиллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки асолату ҳувият, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату анъаноти неки ниёгон, давлати соҳибихтиёру озод ва рӯзгори босаодати наслҳои имрӯзу фардоро аз сари нав эҳё намоему ҷашни таърихиву тиллоии 35- солагии дар пеш истодаи онро дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ ва тараннуми Сулҳу Ваҳдату Истиқлоли миллӣ таҷлил намоем.
Файзализода Сафаралӣ,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе