Бо мақсади бо ҷойи корӣ муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва корҳои мавсимӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо иштироки 120 нафар шаҳрвандони бекор, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта гузаронида шуд. Дар рафти ярмарка аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират ба иштирокчиён ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” пешниҳод карда шуд.
Дар рафти ярмрака ба шаҳрвандони бекор оиди ҷойҳои нави корӣ дар дохилӣ кишвар тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон, суханронӣ карда шуда, ба шунавандагон доир ба мавзуъ брошюраҳо тақсим карда шуд.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани чунин ярмаркаҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон