Тибқи нақша – чорабиниҳои бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол дар асоси нақшаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси шаҳр Муқаддас Аллабердиён, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ҳошимов Акрам, намояндагони кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, бахши ҳолатҳои фавқулодда байни шаҳрвандон – сокинони кумитаи маҳаллаи 1 дар хобгоҳи №7 вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон, оид ба ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, стратегияи муқовимат бо коррупсия, савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарстӣ ва пос доштани фарҳанги аҷдодии миллӣ ва зуроварӣ дар оила, байни сокинон суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки дӯст доштан ва ободу шукуфо гардонидани Ватан қарзи ҳар як тоҷик забон аст.Сулҳу салоҳ, амну суботи Ватан барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо саодатмандӣ наметавон гузаронид.
Вақте сухан дар мавриди дӯст доштани Ватан меравад, бешак муҳимтарин рукни давлатдории мо – истиқлол пеши назар меояд. Зеро маҳз истиқлоли давлатӣ кафили бақои миллат, кафили зиндагии осоишта, кафили дастовардҳои азими мост.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба самъи сокинон расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Бояд қайд кард, ки чунин як чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ бо шаҳрвандон, аз ҷумла аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Истаравшан низ баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд