Риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии мувақатӣ дар кишвари номбурда, омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, аз байн бурдани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ин буд он саволҳое, ки кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, вохӯриву суҳбатҳо доир намуданд.
Дар рафти вохӯриҳо ба шаҳрвандон оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот доданд.
Ба саҳми муҳоҷирон расонида шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия, дар маҳзанаи манъшудагон шиносномаи худро санҷида баъдан азми сафар намоянд, ҳангоми сафар пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақсаднок амалӣ намуда, барои фаолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия бояд касби муайяне дошта бошад, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад ва аз таъриху тамаддун ва қонунҳои амалкунандаи он бохабар бошад, ки ҳангоми будубош ба мушкилотҳо дучор нагардад.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда татбиқ мегарданд.
Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони №1126, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад.
Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба:
- Ҳар як филиали ФГУП “ПВС” ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ);
2. МБМ “Сахарово”-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд);
3. Наздиктарин шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис).
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Инчунин, дар рафти суҳбат ба нафароне, ки бе сабаб ё бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия ихроҷ гардидаанд тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда барои дарёфти кор ба сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо муроҷиат намоянд.
Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати баланд бо шароитҳои хуб имконияти фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ, корхонаҳои бузурги ватанӣ аз қабили НБО “Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил” ва дигар сохтмонҳои биносозӣ ба коргар ва мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамоӣ ҳангоми сафар тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе