Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Фархор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо вохӯрии аъзоёни гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоати шаҳраки Фархор доир гардид.
Зимни баромад масъулин вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо, зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, махсусан қишри ҷавон, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ, эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, муҳимияти ҳифзи Ватан, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои мамнуъ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои дар таълиму тарбияи кудак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия баромад намуда, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Ба иттилои сокинони ноҳия расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Мулоқот бо суолу ҷавоби тарафайн анҷом ёфт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар виляоти Хатлон