• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлолият неъмати бебаҳост !

Migration Service by Migration Service
23.07.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Истиқлолият неъмати бебаҳост !
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ба шарофати Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарқу Ғарбро мавриди истифода қарор дода, дар айни ҳол таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя намуд ва имрӯз ба он рушди бештар бахшида, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муқаддас нигоҳ медорад.

Яке аз афзалиятҳои барҷастаи замони истиқлолият ин аст, ки имрӯз мо имконияти бештару беҳтари қадршиносӣ кардан ва ҳамзамон бо ин, муаррифӣ намудани фарзандони фарзонаи миллати соҳибтамаддунамонро ба ҷаҳониён дар ихтиёр дорем. Маҳз ба ҳамин хотир, истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии таърихиву миллӣ, даврони ташаккули ақлу заковати созанда ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Истиқлолият ба аҳли фарҳанги кишвар имкон дод, ки дар раванди талошҳои густурда ба сарнавишт ва мақоми ниёгони хеш дар масири таърих бод иди амиқтар назар андохта, тавассути офаридаҳои тозаву арзишманд нақш ва нуфузи миллати тоҷикро дар таърихи ҷомеаи башарӣ ва ташаккули муҳимтарин равандҳои таърихиву фарҳангии ҷаҳони мутамаддин бо тобишҳои нав ҷилвагар созанд.

 Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, ҷиҳати рушди устувори фарҳанги миллӣ фазои мусоиду озод фароҳам омад, ки ин дар шароити муосир хеле муҳим аст. Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз буҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад.

Дар тақдири ҳар халқу миллат ҳодисае ё воқеае нақши муҳим мебозад ва барои ташаккули минбаъда ва пешравию тараққиёти он саҳмгузор мегардад. Дар ҳаёти кишвари мо дар тӯли истиқлолият бисёр ҳодисаю воқеаҳое рӯй додаанд, ки ҳар яки онҳо дар пешравии ватанамон мавқеи худро доранд.

Аз он ҷумла, Иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи басо мушкил ба амал омада буд, омили муҳимест, ки минбаъд роҳи расидан ба ормонҳои миллиро наздик намуд.

Муҳимтарин нақши иҷлосия ин муттаҳид кардани халқи парешонгашта ва пойдории сулҳу ваҳдат маҳсуб мегардад, ки барои тараққиёти Тоҷикистон замина фароҳам овард.

Албатта, истиқлолият барои мардуми тоҷик осон ба даст наомадааст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи меҳнаткаши тоҷик чи рӯзҳои нангину даҳшатборро паси сар кардаву чӣ қурбониҳоро таҳаммул намудааст. Замоне абри сиёҳи ҷанги шаҳрвандӣ осмони поку фазои беғубори Тоҷикистони навбунёдро тира намуда, рӯзгори осудаву амнияти мардумро халалдор намуд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик бо неруи хиради хеш ин нофаҳмиҳоро бартараф намуда, роҳи сулҳу оштиро пеш гирифт. Барои барқароршавии оромӣ, албатта, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, даъвати 12- ум, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, боис шуд. Аз ин рӯ, онро Иҷлосияи тақдирсоз низ ном мебаранд.

 Зеро маҳз бо баргузории иҷлосияи  мазкур гурӯҳҳои мухолиф бо ҳам созиш намудаанд ва ҳамагон дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ғояҳои сулҳхоҳӣ, ватандӯстӣ, ва ягонагиро дастгирӣ намудаанд.

Ҳукумати конститутсионӣ рӯйи кор омад ва миллати тоҷик соҳиби сарвари арзанда гардид. Шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор карда шуд, пояҳои давлатдорӣ устувор гардид.

Беш аз як миллион фирориён ба Ватан бозгардонида шуданд. Иҷлосияи таърихӣ ҷомеаи Тоҷикистонро ба шоҳроҳи бузурги сулҳу ваҳдат раҳнамун сохт. Самараи бузурги ин руйдоди таърихӣ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз интихоб шуданаш ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ бар манзалати намояндаи халқ дар парлумони кишвар ҳам сиёсатмадор буд. Вале фаъолияти сиёсии вай дар маҷрои умумии як сохторе бисёрнафара нопадид мегардид ва афкору андешоташ таҳтушшуъои афкори ҳамагонӣ пинҳон мемонд.

Ва ҳам хатари нобуд шудани Тоҷикистон ба ҳайси ангезандаи муассиртаре пеш омад, ки як ҷавони раси сарвариву сипаҳсолорӣ наомӯхта дар як замон ҳам роҳбари сиёсӣ, ҳам стратеги ҳарбӣ ва ҳам мураббии ҷомеа гардад.

Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолаҳи хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Мо дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона ба пеш меравем.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рисолати ҳар фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад.

Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ дар тӯли солҳои истиқлолият садҳо корхонаҳои хурду бузург бо ҳазорҳо ҷойҳои кор сохта ба истифода дода шудаанд, ки ба некуаҳволӣ ва ноил гардидан ба зиндагии сазовори мардум мусоидат менамояд.

Бигзор бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлоли давлатӣ поянда бимонад!

Саторова М.К,                                                              

Сардори  шуъбаи  Хадамоти муҳоҷират дар  шаҳри Хуҷанд

Previous Post

Идомаи мулоқотҳои гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Фархор

Next Post

Идомаи чорабиниҳои навбатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан

Next Post
Идомаи чорабиниҳои навбатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан

Идомаи чорабиниҳои навбатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.