• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ

Migration Service by Migration Service
23.07.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ кишварест, ки нахустин шуда Стратегияи муқовимат ба экстремизму терроризмро ба тавсиб расонидааст. Ҳанӯз соли 2016 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016 — 2020” ва нақшаи иҷрои он ба имзо расида буд.

Ва ҳадафи Стратегия муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар баромаду суханрониҳои хеш пайваста хавфу хатари терроризм ва экстремизмро ёдоварӣ менамоянд ва ҷиҳати пешгирии он ба мақомоти дахлдор ва сокинони кишвар дастуру супоришҳо медиҳанд.

Соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”-ро қабул намудаанд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Ва яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон бештар аз надоштани таҷрибаи ҳаётӣ, бекорӣ, маълумоти касбӣ, фаъолият дар муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ, дурӣ аз падару модар ва бепарвои зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон ва ғайраҳо мебошад.

 Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё  карда шуд. Аммо дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол мушкилоти зиёде мавҷуд мондааст.

Хуб надонистани забон, расму русум ва  фарҳанги мардуми  кишвари иқомат ва паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи як қисмати муҳоҷирини корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии ватани худ, бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад, ки оҳиста –оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра, аз қабили бекор мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои будубош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвари иқомат, даст задан ба ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ барои моилу пайваст  шудани муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг мубтало гарданд.

Роҳбарони гуруҳҳои экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро  ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд.

Гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран, ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.

Падару модаронро зарур аст, ки фарзандони худро аз шабгардӣ, бисёр вақт гузарондан дар марказҳои интернети манъ кунанд, зеро яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ ва пайрави кардан ба ақидаҳои бегона ва тундрав маҳз шабакаҳои интернети мебошад.

Каримов Имомалӣ,

Муттахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии  Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Идомаи чорабиниҳои навбатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.