Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ якҷоя бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар дар ҷамоати деҳоти Навоӣ вохӯрии судманд бо сокинон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир гашт.
Дар рафти чорабинӣ баромадкунандагон, ба таваҷҷуҳи сокинони ҷамоати деҳот, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ бо сокинон, бори дигар таъкид карда шуд, ки шахсоне, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар доранд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба сарҳадчиён маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои аниқ диҳанд.
Инчунин, пеш аз сафар ба ин кишвар забони давлатии онро дар сатҳи муошират донанд, касби муносиб дошта бошанд ва қонунҳои будубоши ин кишварро риоя намоянд. Ҳангоми ба кишвари Россия ворид шудан, ҳатман гирифтани патент, қайди муваққатӣ, шартномаи меҳнатӣ бастан бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро фаромӯш накунанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба сокинони ҷамоати деҳоти Навоӣ варақаҳои иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон