• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муқовимат бо коррупсия яке а самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат

Migration Service by Migration Service
25.07.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муқовимат бо коррупсия яке а самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муборизаро дар баробари дигар самтҳои ҷинояткорӣ ба хусус коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. Чунончӣ, бо ибтикор ва роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳои пай дар пай ҷиҳати қабул ва амалинамоии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯи манфиатҳои умумимиллӣ ва мукаммалгардонии онҳо ба тасвиб расиданд.

Пaй дaр пaй қaбул гaрдидaни сaнaдҳои дaвлaтӣ бa монaнди “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2008-2012” aз 26 янвaри соли 2008, №34; “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2013-2020” aз 30 aвгусти соли 2013, №1504 вa “Стрaтегияи дaвлaтии муқовимaт бa коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои дaврaи то соли 2030” aз 3 aвгусти соли 2021, №222 бa муборизaи беaмон вa коҳиш додaни сaтҳи болорaвии коррупсия дaр кишвaри aзизaмон зaминaи воқеию ҳуқуқӣ гузоштaнд.

Ҳамзамон бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Кишвари маҳбуби мо, ки иштирокдори қабули ҳуҷҷатҳои байналмилалист, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти миллӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии худро дар мубориза бар зидди коррупсия қабул ва ба имзо расонидааст, ки дар ин самт ҳуҷҷати асосии зиддикоррупсионӣ Конститутсияи амалкунундаи кишвар, ки дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он асос меёбанд, ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масъалаҳо ба мушкилоти коррупсия эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Зеро, коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз мушкилиҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии он ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Воқеан ҳам, Паёмҳои Роҳбари давлат раҳнамунсози тамоми бахшҳои мухталифи ҷомеа мебошад, зеро дар баробари ибрози мушкил ҳамчунин роҳи ҳалли онро пешниҳод менамоянд. Дар ҳақиқат ҳам мо танҳо дар ҳамкориву ҳамбастагӣ метавонем ба зуҳуроти номатлуб мубориза барем ва баҳри имрӯзу ояндаи миллати тоҷик бетараф набошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки: “Мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми ҷомеа низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Имрӯз аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон бояд такя ба волоияти қонун намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар мадди аввал гузошта, нагузоранд, ки амалҳои номатлуб аз ҷумла коррупсия ва фаъолияти хусусияти коррупсионидошта ба кишвари азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо таъсири манфии худро расонад.

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки ба амнияти давлату кишварҳо хатар эҷод мекунад. Ин падидаи носолим бо раванди рушду пешрафти ҷомеа монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Инчунин, коррупсия ба сохтори идоракунии давлатӣ, хоҷагии халқ, соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт дар маҷмуъ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонида, эътимоду боварии мардумро нисбат ба фаъолияти ояндасозӣ идораву ташкилот ва умуман соҳаҳои хоҷагии халқ коҳиш медиҳад.

Бо дарназардошти ин нуктаҳо, фаъолони ҷомеа махсусан хизматчиёни давлатӣ дар масири муқовимат ва пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ аз як гиребон сар бароварда, баҳри решакан кардани ин падидаи номатлуб мубориза баранд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.

Ҳоло ҳамаи мақомот ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба cap бурдан камари ҳиммат банданд.

Aз ин лиҳоз, ҷиҳaти дaр aмaл тaтбиқ нaмудaни сaнaдҳои меъёрии ҳуқуқӣ дaр сaмти муқовимaт бо коррупсия вa дaстуру супоришҳои Пешвои муaззaми миллaт бо ҷaлби вaсеи ҷомеaи шaҳрвaндӣ вa ҳaр як фaрди ҷомеa вa бaлaнд бaрдоштaни эътимоди aҳолӣ бa мaқомотӣ дaвлaтӣ вa aфзоиши сaмaрaнокии муборизa бо коррупсия, корҳои тaблиғотию тaшвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ дорaнд, бояд бa роҳ мондa шaвaнд.

Дар ин замима, моро зарур аст, ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла, сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем.

Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем. Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.

Орифҷон ОЛИМЗОДА,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Чорабинии судманд  дар ҷамоати деҳоти Навоӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, дастурҳои муфид дода шуд

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, дастурҳои муфид дода шуд

Корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, дастурҳои муфид дода шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.