Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб чорабинии саривақтӣ дар доираи лоиҳаи “Бехатар намудани дастрасии шахсони дорои маъюбият ва маълумот оид ба шуғл ва муҳоҷирати бехатар” дар маҳаллаи Ш. Шоҳинӣ шаҳри Кӯлоб бо иштироки фаъолон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз хатарҳои муҳоҷрати меҳнатӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони дорои маъюбият.
Дар чорабинӣ намояндагон аз лоиҳаи “Бехтар намудани дастрасии шахсони дорои маъюбият ва маълумот оид ба шуғл ва муҳоҷирати бехатар” Раҳмонов Р., ва Холиқова Ш., шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Тағоев Б., бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Р., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Тагоев Б., ифтитоҳ намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судмандро бо шарикони рушд вобаста ба дастгириҳои рӯҳию равонии аҳолии ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғулбуда ибрози ақида намуда, мавзӯи вохӯрии имрӯзаро саривақтӣ ҳисобида, суханро барои идома ба намояндаи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасии шахсони дорои маъюбият ва маълумот оид ба шуғл ва муҳоҷирати бехатар” Рахмонов Раҷабалӣ дод.
Дар баромад қайд гардид, ки ҳар як фарди ҷомеъаи имрӯза, аз ҷумла ҷавонону муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки аз бемориҳои ба ҷомеъа таҳдидкунанда ва ҳуқуқҳои худ дар дохилу хориҷи кишвар огоҳ буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона дар пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ амал намоем.
Тибқи маълумотҳо аксарияти нафароне, ки ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар тавасути сомонаҳои ғайрирасми ё шахсони миёнарав худсарона амал менамоянд ба мушкилотҳои сарбаста дучор шуда, аз кишвари қарордошта маҷбуран ихроҷ мегарданд, ки ин ба буҷаи молиявӣ ва ҳадафҳои банақшагирифтаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин хотир, ҷиҳати бехатарии муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷи кишвар, тавсия дода мешавад, ки барои дарёфти чойи кор дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия аз хизматрасониҳо ва машваратҳои МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ, инчунин хизматрасониҳои шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо истифода баранд.
Кормандони лоиҳаи зикргардида ҳадафҳои лоиҳаро муаррифӣ намуда иттилоъ доданд, ки амалӣ шудани он ҷиҳати дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд ба гирифтани маълумот ва шуғли муносиб мусоидат менамояд.
Дар ин раванд ҷиҳати ба шуғл ва касбомӯзӣ ҷалб гардидани маъюбон ва нафарони дар муҳоҷират осебдида, намояндаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Раҳмонов Р., ба сухан баромада, мавҷудияти ҷойҳои кории холии мавсимию мувақатиро дар корхонаю муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб муаррифи намуда, барои ба касбҳои муносиб, аз қабили дӯзандагӣ, заргарӣ, чубкорӣ ва дигар ҳунарҳои зеҳнӣ ҷалб намудани шахсони дорои маъюбият маълумоти муфассал дода қайд кард, ки хоҳишмандон метавонанд ройгон дар филиалҳои МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва МД “Маркази таълими омӯзиши модулии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Кӯлоб соҳибкасб гардида, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ таъсири мусбӣ гузоранд.
Ба намояндагон аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба дасгириҳои имтиёзнок ва сафар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Аврупо ба корҳои мавсимӣ саволҳои бешумор дода шуда, аз ҷониби мутахассисони соҳаҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҳоми вохӯрӣ маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон