• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Семинари омӯзишӣ барои кормандони Хадамоти муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
01.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Семинари омӯзишӣ барои кормандони Хадамоти муҳоҷират
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” дар ҳамкорӣ бо Дафтари миллии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 31 июли соли равон дар шаҳри Душанбе барои кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Масоили танзими ҳуқуқии фаъолияти меҳнатии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда” баргузор гардид.

Дар рафти семинари омӯзишӣ намояндагони Ташкилоти ҷамъиятӣ ва Дафтари миллии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо баромад намуда, қайд карданд, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва пешгирии гуреза шудани одамон аз солҳои аввали Истиқлоли Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 оид ба мақоми гурезагон ҳамроҳ шуда, ба рушди низоми миллии додани паноҳгоҳ оғоз намуд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” аз 18 декабри соли 2019 далели иқдоми инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои гурезаҳо арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, иброз намуданд, ки мавқеъ ва таҷрибаи Тоҷикистон ва роҳбарияти онро дар таъмини ҳуқуқи гурезагон баланд арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 оид ба мақоми гурезагон ҳамроҳ гардид, ки ин аз ташаббусҳои инсондӯстона ва дарки амиқи ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир дарак медиҳад.

Дар семинари мазкур аз тарафи намояндагони болозикр баромадҳо дар мавзуъҳои: “Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи гурезаҳо”, “Низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқии гурезаҳо”, “Шаклҳои муҳоҷирати байналмилалӣ”, “Тартиби муроҷиат оид ба гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти муайян кардани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои будубоши шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, хусусияти баррасии парвандаҳои маъмурӣ нисбати шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо шунида шуд.

Иштирокдорони семинари омӯзишӣ баргузории чунин як чорабиниро имконияти мусоид ҷиҳати такмил додани дониши назариявӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда арзёбӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи вохӯриҳои судманд бо сокинони ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор

Next Post

Муқовимати дастаҷамъона алайҳи коррупсия

Next Post
Муқовимати дастаҷамъона алайҳи коррупсия

Муқовимати дастаҷамъона алайҳи коррупсия

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.