Бо мақсади татбиқи нақшаи корҳои амалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, дар ҷамоати деҳоти Обшорон деҳаи Бинокор вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки дар гурӯҳи кории Мақомот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии хурофотпарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷилавгирӣ аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ва бегонапарастӣ, инчунин истифодаи самараноки нерӯи барқ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирон ва донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Ҳамзамон, оид ба тавсеаи ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фаҳмонидани хусусияти хатарноки идеологияи тундгароёна ва таълимоти ғайрирасмии динӣ миёни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, суханронӣ сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ бо сокинон таъкид гардид, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд таҳти назорати падару модарон ва дар чорчӯби меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ сурат гирад.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия баромад намуда, ба самъи сокинон расонид, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.
Хотиррасон намуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ сокинони деҳаи Бинокор ба суолу дархостҳои худ ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия пайваста идома доранд ва барои таҳкими ҷаҳонбинии сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон