Дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия баргузор гардид.
Ин вохӯрӣ дар доираи иқдоми маърифативу сиёсӣ ҷараён гирифта, дар он намояндагони Мақомоти марбута, ки ба он намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон муҳтавои Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Марказии ҲХДТ аз 17 июли соли 2025-ро ба иштирокчиён шарҳ дода, таъкид намуд, ки ин суханронӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи ҳамаи аъзову ҷонибдорони ҳизб, бахусус дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ, баромадкунандагон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз – пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дахл карда, иброз намуданд, ки дар шароити пуртаҳдиди ҷаҳони муосир, ҷавонон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Иброз гардид, ки дар паси ҳар гуна таблиғоти зоҳиран ҷолиб хатарҳо ва ниятҳои ғаразнок пинҳонанд ва танҳо шахси бо маърифат ва ватандӯст метавонад ба доми ин хатарҳо наафтад.
Ҳамзамон, ба масъалаи сарфакорона ва самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, махсусан дар давраи фасли гармо ва омодагӣ ба мавсими сармо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, ба аҳолӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
Мавриди таъкид аст, ки чунин вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомотҳои маҳаллӣ, барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон мусоидат намуда, насли ҷавонро ба ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят мекунанд.
Дар рафти мулоқот намояндаи Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба самъи сокинон расонид, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.
Инчунин, хотиррасон намуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Ба маълумоти сокинони ноҳия расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар фарҷом чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ҷамъбаст гардида, сокинон аз ташкили чунин вохӯриҳои судманд изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон