Ҳамчунин, ҷиҳати вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаҳои Гулрез ва Гулафшони ҷамоати деҳоти Ҷиликул, мулоқоти аъзоёни гурӯҳи тарғиботии ноҳия баргузор карда шуд.
Дар мулоқот, намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, мудирони бахши Хадамоти муҳоҷират, кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон оид ба муҳтавои мулоқоти судманди Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 17.07.2025 дар шаҳри Душанбе, дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ бо ҳизбиён баргузор намуданд, ибрози назар намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар мулоқоти номбурда Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як муҳаббати хос ба Ватан ва ғамхории падарона ба ҳозирин аз раванди хатарҳои ҷаҳони имрӯз, ёдоварӣ аз талошҳои расидан то ба ин рӯзҳои нек, гузаштан аз садҳо мушкилот сухан гуфта, таъкид доштанд, ки имрӯз ҳам яке аз монеаҳои асосӣ барои рушди кишвар, саводноку бомаърифат шудани ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ низ, оид ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, оиди ҷойҳои холии корӣ барои шахсони корҷӯ, ҷойҳои корӣ дар НБО бо шарту шароитҳои хуб, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, муҳоҷирати бехатар, масъалаҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, роҳ надодан ба хурофот, истифодаи босамари нерӯи барқ ибрози назар намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон