Вазъи ҷаҳони имрӯз хеле ташвишовар ва нигаронкунанда аст. Гурӯҳҳои ифротиву иғвогар бо ҳар роҳу восита, хоса бо шабакаҳои иҷтимоӣ барои мағзшӯии тафаккуру андешаи насли ҷавон кор мегиранд. Амалҳои террористиву экстремистӣ, ки аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф гузошта наметавонад. Баҳри пешгирии ин кирдорҳои ғайриинсонӣ ҳар як шаҳрванди ватандӯсту дурандешу худшинос низ бояд саҳмгузор бошад ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.
Дар оғози солҳои соҳибистиқлолии мамлакат халқи тоҷик, хоса насли калонсоли имрӯз “шаҳди” ин амали ифротгароёнаро чашидаанду ҳеҷ гоҳ он лаҳзаҳоро фаромӯш карда наметавонанд. Гурӯҳҳои ифротгаро барои раҳгум кардани ҷавонон кӯшиш менамоянд, то аз таҷриба ва дониши нокифояи онҳо истифода намоянд.
Гарчанд баҳри пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тавсиб расидаву дар амал табиқ мешаванд, вале то ҳол фирефта шудани ҷавононро аз ин ё гӯшаву канори дунё, хоса ҷавонони муҳоҷир, ки барои кору зиндагӣ рафтаанд, мешунавему мебинем.
Пешгирӣ аз ин амали номатлубу нобахшиданӣ фаъолияти дастъаҷамъонаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳии аҳли ҷомаеро оғоз муассисаҳои таълимии миёнаву оливу касбӣ, оила, маҳал, ташкилоту корхона тақозо дорад.
Дар ин кор бояд масъулини корҳои идеологӣ, шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, танзими ҷашну маросим, ходимони дин ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳама дар якҷоягӣ корбарӣ намуда, насли фардои миллату давлатро аз вабои аср эмин нигоҳ дорем. Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллату Ватан, расидан ба қадри истиқлолият, фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, арзишҳои олии фарҳангӣ тарбия намоем, ки ин рисолат ва вазифаи шаҳрвандии мост.
Маҳмадов Рустам,
Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе