Кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират, вохӯрии навбатиро бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои супоридани имтиҳон ва гирифтани Сертификат аз забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузории ФР омадаанд, баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон қайд карда шуд, ки шурӯъ аз 1 январи 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст дар асоси ин Қарори 90/180 амал карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шудааст. Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муввақатӣ (РВП) ё иҷозати доимӣ (ВНҶ) ба даст намеорад, метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Федератсияи Россия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд.
Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад.
Ҳамзамон, дар суҳбат бо шаҳрвандон намояндаи МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар, инчунин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуд.
Дар рафти суҳбат ба ҳозирин вакансияҳои ҷойҳои холии корӣ пешниҳод гардид. Бояд қайд кард, ки ширкатҳои Федератсияи Россия омодаанд тавассути муташаккилона дар асоси шартномаи меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кор таъмин намоянд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки он шаҳрвандоне хоҳиши дар ширкатҳои кишвари Россия тавассути муташаккилона кору фаъолият намудан доранд, аз ҷониби ширкатҳо пардохти роҳкиро, ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, иҷозаи кор, ҷойи хоб, хӯрока ба уҳда гирифта мешавад.
Чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират мунтазам гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират