Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон 31-уми июли соли равон баён доштанд, дастур дода шуд, ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар рӯзҳои ғайрикории моҳи августи соли 2025 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои вобастагардида сафарбар карда шаванд, санаи 2 августи соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо аз ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён боздид намуда, бо рафти сохтмон ва ободонии иншооти идона шинос шуд.
Дар доираи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар корҳои ободонӣ ва сохтмонӣ идома доранд. Объекти идонаи ҷамоати деҳоти Тахти Сангинро Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад.
Зимни шиносоӣ ба сардори Хадамоти муҳоҷират аз рафти корҳо дар ин иншоот, ки қисми зиёди сохтмонаш анҷом ёфта, дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад, маълумот дода шуд.Дар рафти вохӯрӣ Нодирзода Иматшо таъкид кард, ки Хадамоти муҳоҷират дар баробари ҳукумати вилояти Хатлон ният дорад, ки дар барқарорсозии яке аз ёдгориҳои маъруфи таърихӣ – Тахти Сангин фаъолона ширкат варзида, онро ба феҳристи ҷойҳои ҷолиби сайёҳӣ шомил намояд.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бомаром идома дорад. Густариши корҳои ободонӣ дар ноҳияи Қубодиён низ гувоҳи он аст, ки сокинони меҳнатқарин барои таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-уми июли соли 2025 баён доштанд, дастур дода шуд, ки роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар рӯзҳои ғайрикории моҳи августи соли равон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои вобастагардида сафарбар карда шаванд.
Аз ин лиҳоз, Сардори Хадамоти муҳоҷират зимни сафар аз рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ин ҷашни муқаддаси миллӣ шинос шуда, дар ҷараёни боздид аз корҳои сохтмонӣ дар ноҳия ба сохтмончиёну пудратчиён барои босифату ба талабот ҷавобгӯ ва дар вақти муайянгардида ба истифода додани онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд дод. Аз ҷумла, дар рафти суҳбату вохӯриҳо оид ба муҳтавои қонунгузории кишвар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ дар ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии нерӯи барқ, ҷараёни дарав ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, пешгирӣ аз сухтор дар ғаллазор, сардхонаҳо, кишти такрорӣ, инчуни захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани рӯзи дониш, ҳолати омодагии ҳар як муассисаи соҳа ба соли хониш, шароити ҳар як оила, аз ҷумла мавҷудияти ҳаммом дар онҳо, тарғиби оилаҳои намунавӣ, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор масъалаи бунёди ҳамомҳои умумӣ дар ҳар як деҳа ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуд.
Инчунин, зимни сафар ба ноҳияи Қубодиён Сардори Хадамоти муҳоҷират аз ёдгории таърихӣ-фарҳангии шаҳристони Тахти Сангин, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 2500 – солагии ёдгорӣ қарор дорад боздид намуд. Зимни сафар роҳбарият бо ёдгорӣ, ҳафриёти бостоншиносӣ ва дигар корҳои анҷомёфта, аз ҷумла болопӯшнамоии ҷузъии ёдгорӣ аз наздик шинос гардид.
Шаҳраки Тахти Сангин ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб буда, таҷассуми маданияти элинӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри замони антиқа бо сабки юнонӣ сохта шудааст. Ин ёдгорӣ дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳали ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират