Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ, ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисон мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат дар шаҳри Душанбе, 8 августи соли равон, дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Синои пойтахт ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, инчунин шуъбаҳои меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ”, муассисаҳои таълимии низоми Агентӣ, МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва намояндагони 19 муассисаю ташкилотҳо иштирок карда, дар маҷмуъ, 4517 ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба шаҳрвандони корҷӯ пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва зертобеи он корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи НБО “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон, ВНМО ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират