Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Темурмалик ҷиҳати баргузории вохӯриҳо дар деҳаи Гурдондеҳи ҷамоати деҳоти Гурдоварон вохӯрии навбатӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия Аслиддин Айниддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Раҷабзода Маҳмасаид, муовини комисарияти ҳарбӣ Миралиев Дилшод, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Сафарзода Баҳодур ва раиси ҷамоати деҳоти Гурдоварон Хайрулозода Шерафган иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯриро муовини Раиси ноҳия Аслиддин Айниддин оғоз намуда, доир ба ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби андешаи миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштан хонаву манзили шахсии сокинон, захираи ғизои дусола, самаранок истифола бурдани заминҳои наздиҳавлегӣ, даъват ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид намуд.
Сипас, баромадкунандагон доир ба риояи талаботи Стратеги муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии шомилшавии ҷавонону сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 253 қисми 1- вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 382 – риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сафарзода Баҳодур баромад намуда, ба самъи сокинони ҷамоат расонид, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони боварии Намояндагӣ +7(495)9679844 фаъолият дорад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳалли мушкилоташон муроҷиат намоянд.
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамоянд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон мутахассисони соҳа пусух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.
Дар охир ба саволҳои додаи сокинон ҷавобҳои мушаххас дода шуда, аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират варақаҳои иттилоотӣ ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақдим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон