Кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар ҳамарӯза корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳури – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути парвоз ба кишвари Федератсияи Россия сафар менамоянд, ҷоннок намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар як вохӯрӣ бо шаҳрвандон тарзи дуруст омода будан пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, донистани қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, эълон намудани ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои ватании кишвар фаҳмонида мешавад.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар Федератсияи Россия, марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба кишвари номбурда барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.
Хотиррасон карда шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Инчунин, ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия муроҷиат намоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон