Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баён гардида буданд, ва дар доираи васеъ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, мулоқоти судманд бо сокинони деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Гурдоварони ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ташвиқи ҷавонон ба зиндагии фаъол дар ҷомеа мебошад.
Дар мулоқот муовини Раиси ноҳия Аслиддин Айниддин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмасаид, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Сафарзода Баҳодур ва раиси ҷамоати деҳоти Гурдоварон Хайруллозода Шерафган иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла муқовимати муассир ба равандҳои ифротгароӣ ва гурӯҳҳои радикалӣ, аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи хос ба нақши муассир ва мутақобилаи оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи дурусти насли наврас зоҳир гардид.
Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, хизмати ҳарбӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сафарзода Баҳодур ба самъи сокинони ҷамоат расонид, ки дар Федератсияи Россия, барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон телефони боварии Намояндагӣ +7(495)9679844 дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамоянд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон мутахассисони соҳа посух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.
Дар охир, сокинон суолҳои худро матраҳ намуда, посухҳои муфассал ва муътамад дарёфт карданд. Ҳамзамон, аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон