• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои иттилоотӣ-маърифати пурзур карда шуд

Migration Service by Migration Service
14.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои иттилоотӣ-маърифати пурзур карда шуд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон  дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ва КВД “Истгоҳи Роҳи  оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, корҳои иттилоотӣ-маърифатиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути парвоз ва қатора сафари кишвари Россия доранд, пурзӯр намуда истодаанд.

Кормандони масъули шуъба мунтазам зимни ба сафар рафтан ва аз сафар баргаштани шаҳрвандони мамлакат вохӯрӣ намуда, дар масоили муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, оид ба камбудиҳо ва проблемаҳои ҷойдошта нисбат ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла гирифтани Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории кишвари номбурда, Патент, доштани касбу ихтисос суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо ва пурсишҳо бо шаҳрвандон бештар ба доштани касбу ихтисос ва забондонии онҳо таваҷҷуҳи хоса  зоҳир карда мешавад. Барои кўмак ва ёрии амалӣ расонидан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ва “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе” брошюраҳо, овезаҳо оид ба тағйиру иловаҳо дар  қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, насб карда шудааст, инчунин телефонҳои боварӣ  шабонарўзӣ  фаъолият  менамояд.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯриву суҳбатҳо ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия тағйироти муҳиме ба амал омадааст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дорад.

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида шуд, ки дар Федератсияи Россия, шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда татбиқ мегарданд.

Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони №1126, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад.

Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба ҳар як филиали ФГУП “ПВС” ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ), МБМ “Сахарово”-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд), наздиктарин шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис).

Ҳамзамон, ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазоарти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия муроҷиат намоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Истиқлол неъмати бебаҳост

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои  кории холӣ дар  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои  кории холӣ дар  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Ярмаркаи ҷойҳои  кории холӣ дар  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.