Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сокинони ноҳия вохӯрии навбатӣ баргузор гардид. Мақсади гузаронидани чорабинӣ, ин баррасии масъалаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ мебошад.
Вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Иван – Тоҷик ва Лангар баргузор гардид, ки аз ин минтақаҳо муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар деҳаҳои Ғузн, Рувоск ва Пити ҷамоати деҳоти Иван – Тоҷик корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ, имтиёзҳо дар ноҳияи қабулкунанда, тарзи сафарбар намудани онҳо аз ҷойи зист ба ноҳияи қабулкунанда ва дигар имтиёзҳое, ки давлату ҳукумат барои муҳоҷирони дохилӣ муайян кардааст аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират фаҳмонида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ муҳоҷирон ба саволҳои додаи худ бобати ҳуҷҷатгузории заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳми заминҳои кишоварзӣ ва ҳаҷми заминҳое, ки ба онҳо дода мешавад ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.
Инчунин, бо мақсади шинос намудани ҳолати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят доир ба самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат бо роҳбарияти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрда масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, хоҳиш намуд, ки ҳарчӣ зудтар оилаҳои муҳоҷиронро ба ноҳияҳои Зафаробод ва Хуросони вилояти Хатлон сафарбар намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд