Тибқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” оид ба кор таъмин намудани шахсони бекор ва корҷӯянда дар регистони бозори “Панҷшанбе” ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил шуд, ки ба чорабинии калони маърифатию – иттилоотӣ табдил ёфт.
Аз тарафи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ба ярмарка муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва муҳоҷироне, ки қатъи манъи вуруд ба Федератсияи Россия доранд, даъват шуданд.
Аз тарафи кормандони шуъбаи номбурда зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандон, вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар миёни ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Варақаҳои муҳоҷиратиро ҳангоми сафар дар дохили шиносномаатон нигоҳ дошта, кӯшиш намоянд, онро гум накунанд. Агар тасодуфан варақаи муҳоҷиратро гум карда бошанд, ҳатман ба мақомоти муҳоҷирати минтақавӣ мувофиқи ҷойи зист, ки онҳоро ба қайд гирифтааст, муроҷиат намоянд. Кормандон мувофиқи қонунгузории амалкунанда вазифадоранд ба онҳо нусхаи дигари варақаи муҳоҷиратиро супоранд ва ҳуқуқҳои онҳоро дар кишварашон таъмин намоянд.
Чунин маслиҳатҳои муфид ба муҳоҷирон барои ташкили дурусти будубош дар Россия фаҳмонида шуд. Саривақт ҳуҷҷатҳои заруриро омода намоянд, пеш аз ҳама шиносномаи хориҷӣ ё биометрӣ. Агар онҳо алакай шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд, он гоҳ тафтиш кунанд, ки муҳлати амали он на камтар аз як сол боқӣ монда бошад. Агар муҳлати амали шиносномаи онҳо дар ҳудуди ФР ба итмом расад, он гоҳ онҳоро лозим меояд, ки барои гирифтани тасдиқномаи бозгашт ба Ватан маблағ, вақт ва кӯшиши зиёд сарф намоянд.
Дар идомаи вохурӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористиву экстремистӣ, ҷиноӣ, нашъаҷаллобӣ иттилоъ дода шуда, даъват гардид, ки аз ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои оилаи худро эмин нигоҳ доранд.
Инчунин, оиди иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирфтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд