“Давлатдорон ва хизматчиёни давлатӣ бояд намунаи баланди фарҳанг, ахлоқ ва масъулият бошанд, зеро онҳо рӯ ба рӯ бо мардум қарор доранд ва симои давлатро ифода мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони муосир, ки давлат ва ҷомеа дар шароити рушди устувор қарор доранд, сатҳу сифати фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ба таври мустақим ба рушд ва пешрафти тамоми соҳаҳо таъсир мерасонад. Хизматчии давлатӣ шахсе мебошад, ки бо иҷрои вазифаҳои хизматии худ на танҳо намояндаи мақомоти давлатӣ аст, балки симои давлатро дар пеши ҷомеа таҷассум менамояд. Одоби хизматчии давлатӣ на танҳо талаботи қонунгузорӣ, балки меъёри фарҳангӣ ва ахлоқӣ мебошад.
Одоби хизматчии давлатӣ маҷмӯи меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботест, ки муносибати хизматчии давлатиро бо ҷомеа, шаҳрвандон ва ҳамкорон танзим мекунад.
Он на танҳо рафтори беруниро, балки тарзи фикрронӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати инсониро дар бар мегирад.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, хизматчии давлатӣ бояд ба қонун эҳтиром гузорад, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандонро риоя намояд, бо масъулият ва поквиҷдонӣ ба вазифаҳои худ муносибат кунад.
Талаботҳои асосии одоби хизматчии давлатӣ, ин риояи қонун ва интизоми хизматӣ, яке аз шартҳои асосӣ иҷрои дақиқи қонун ва фармонҳои роҳбарият мебошад. Хизматчӣ бояд намунаи итоат ба қонун бошад. Ҳамчунин, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносӣ, яъне вазифаҳои хизматиро бе таъхир ва бо сифати баланд иҷро намудан яке аз нишонаҳои асосии одоби хизматӣ аст. Инчунин, муоширати солим бо шаҳрвандон, яъне ҳангоми қабули шаҳрвандон, хизматчӣ бояд бо эҳтиром, таҳаммулпазирӣ ва хушмуомилагӣ рафтор намояд. Дигар ин, ки муваффақият дар ҳамкорӣ, яъне дар муносибат бо ҳамкорон бояд эҳтироми мутақобил, ҳамкорӣ ва дастгирии якдигар ҳукмфармо бошад.
Одоби хизматчӣ аз ахлоқ ҷудо нест. Хизматчии давлатӣ бояд чунин хусусиятҳоро дошта бошад: Ростқавлӣ ва беғаразӣ – набояд манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои давлат боло гузорад. Фурӯтанӣ ва оддӣ будан – дар ҳар вазъият хоксор будан ва худнамоӣ накардан пеша намояд. Хушахлоқӣ ва таҳаммулпазирӣ – дар муошират бо ҳар қишри ҷомеа муносибати дурустро ҳамеша раво бинад. Гигиенаи зоҳирӣ ва либоси расмӣ – намуди зоҳирӣ бояд тозаву озода ва мувофиқ ба мақоми давлатӣ бошад.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, хусусан дар давлатҳои пешрафта, меъёрҳои ахлоқии хизматчиёни давлатӣ аз рӯи принсипҳои шаффофият – фаъолияти кушода ва ҳисоботдиҳӣ, мубориза бо коррупсия – пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои манфиатпазирӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – риояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои миллӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт қадамҳои муҳим гузоштааст, аз ҷумла қабули Кодекси одоби хизматчии давлатӣ. Муносибати хизматчӣ бо ҷомеа яке аз нишондиҳандаҳои асосии одоби хизматӣ мебошад. Дар ин раванд муҳим аст, ки суҳбатҳо бо шаҳрвандон дар муҳити ором ва беғараз сурат гиранд. Ҳар як муроҷиат ҷиддӣ ва сари вақт баррасӣ шавад. Мақомоти давлатӣ ҳамчун хидматрасон ба мардум фаъолият намояд, на ҳамчун сохторе, ки аз мардум дур аст.
Нобаробарии рафтор бо шаҳрвандон, беэҳтиромӣ, сӯиистифода аз мансаб ва дигар қонуншиканиҳо метавонад боиси ҷавобгарии интизомӣ ва ҳатто ҷиноятӣ гардад, ки ин масъулият дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Одоби хизматчии давлатӣ на танҳо як маҷмӯи қоидаҳои расмӣ, балки оинаи рӯшан ва симои давлат дар чашми шаҳрвандон аст. Ҳар қадар ки хизматчиён бо масъулият, ростқавлӣ ва хушахлоқӣ фаъолият кунанд, ҳамон қадар эътимоди мардум ба давлат бештар мешавад.
Зоидов Ҳусейнҷон, Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд