Дар идомаи баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва вохӯриҳо бо аҳолӣ, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дарвоз Дагиев Зиёратшо бо сокинони деҳаи Хумбиовар мулоқоти навбатӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Дагиев Зиёратшо оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, татбиқи қонунҳои миллии кишвар, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, баромад намуд.
Ҳамзамон масъалаҳои муҳоҷирати шаҳрвандон, шиносоии ҷомеа бо қонунгузории нав дар соҳаи муҳоҷират, таҳдидҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирон ва донишҷӯёни дар хориҷбуда ба гурӯҳҳои мамнуъ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили мубориза бо коррупсия, бахусус бо падидаҳои дорои хусусияти динидошта, ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротгаро ва зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ҷалб намуд.
Инчунин, масъалаҳои таъмини шуғли пурмаҳсул, соҳибкасб гардондани аҳолии бешуғл, аз ҷумла занону бонувон тавассути раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, истифодаи самараноки замин ва руёнидани ду-се ҳосил дар як сол, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён саволҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас ва муфассал дарёфт намуданд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ