• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ

Migration Service by Migration Service
21.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур гардид ва дар ин муддати на онқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба даст омада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид. Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлол ин аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид.

Хушбахтона баргузории ҷаласаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлоли комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуд.

Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот, амалӣ намуд.

Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол метавон шарҳу эзоҳ дод.

Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ – ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷ гаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.

Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи бӯҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуда, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун модели муассири ҳалли низоъҳои дохили давлатӣ ба давлатҳое, ки ба бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия карда шуд.

Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои қабул ва амалӣ намудани санадҳои ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат доир ба ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд. Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ 12 –уми декабри соли 1992 дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро ба миён гузошта буданд: “Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст”.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

Дар оғози қарни нав имкониятҳои васеи татбиқи ислоҳотҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат имконпазир гардид. Ин тадбирҳо ҳанӯз соли 2000-ум самараи худро нишон дода, нишондиҳандаҳои баландтарин нисбат ба давраи оғози истиқлолият ба қайд гирифта шуд.

Маҳз аз ҳамин давра ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида,он ҳамчун дастур, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, раҳнамо, қутбнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созанда ва бунёдкорона дошта дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми сазовор гузошт.

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои соли сипаришуда дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди муҳоқима қарор дода шуда, нақшаи тараққиёти оянда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ тарҳрезӣ, вазифа, мақсаду маром, роҳу василаҳои тактикии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, асосӣ ва калидиро муайян ва мушаххас мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлоли давлатӣ дар самти сиёсати хориҷӣ роҳи сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта аъзои ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз қабили СММ, САҲА, СҲИ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонда байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле истеҳком ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодаву сиёсӣ аз қабили хатарҳои фаромиллии ҷаҳони имрӯза саҳмгузорӣ менамояд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли қазияи Афғонистон, пешгирии терроризм ва экстремизм, ҳалли муаммоҳои норасоии обу экология, тағйирёбии иқлим дар сайёра ташаббусҳои нав ба навро пешниҳод менамоянд, ки он аз ҷониби СММ пазируфта шудааст.

Пешвои миллат доир ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздик – ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои узви ИДМ сухан ронда таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ бо ин давлатҳо дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд ва ин робитаҳо дар тамоми самтҳо рӯ ба рушд буда, минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо шарикони стратегии он – Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Тоҷикистон мутобиқ бо принсипҳои сиёсати дарҳои кушод ва ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро бо кишварҳои дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико тақвият хоҳад бахшид.

Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Раҳмонзода Амиралӣ,

Муовини сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мулоқоти судманд бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.