Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаи ба номи “Ҷаббор Расулов”-и шаҳр баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби кормандони шуъба сокинони маҳалла таъкид карда шуд, ки аз 1 январи соли 2025 Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабри соли 2024 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии категорияи алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ” ба қувваи қонунӣ даромад. Тибқи ин фармон, шаҳрвандони мо, ки ғайрирсмӣ дар ҳудуди ФР қарор доранд, бояд ё қаламрави ФР-ро тарк намоянд ва ё мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардонанд.
Қонуни мазкур ба шаҳрвандони хориҷии зерин дахл дорад:
– мувофиқи қонунгузорӣ бақайдгирии ҷойи зисти худро дар мақомоти муҳоҷирати (регистратсия) амалӣ накардаанд;
– Патент барои кор нагирифтаанд;
– Андози моҳонаи патентро пардохт накардаанд;
– ба руйхати шахсони таҳти назорат қарор дошта шомил мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шаҳрвандони хориҷие шомил мешаванд, ки пас аз ворид шудан ба ҳудуди ФР будубоши худро ба қайд нагирифтаанд, бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар кишвари иқомат фаъолият доранд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави кишвари иқомат содир намудаанд.
Инчунин, қайд гардид, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст. Дар асоси ин, Қоидаи 90/180 қатъ карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвими иваз карда шудааст. Мутобики ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз ба даст намеорад метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба кишвари Россия дар мудатти соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ яъне 31 декабр ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад.
Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардид, онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад.
Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Инчунин, аз хизмати шахсони алоҳидае, ки бо роҳи ғайриқонунӣ барои ба кортаъминкунӣ дар хориҷа машғуланд истифода набаранд, ба эълонҳои шубҳаноке, ки дар масъалаи ба кортаъминкунӣ дар хориҷа дар газетаву кӯчаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд, бовар накунанд. Дар ёд дошта бошед, ҳар як шахси алоҳида ё ташкилоте, ки барои дар хориҷа ба кор таъмин кардан фаъолият мекунад, бояд иҷозатномаи махсус – литсензия дошта бошанд. Агар шахс ё ташкилоте, ки ба Шумо ҷойи кор пешниҳод мекунад, литсензия надошта бошад, он гоҳ шубҳае нест, ки онҳо шуморо фиреб медиҳанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд