Нигоҳе гузаро бар рӯйдодҳои ҷаҳони муосир, мисли густариши нооромиву низоъҳо дар манотиқи гуногуни олам ва идомаи ҷангҳову хунрезиҳо дар Сурия, Ироқ, Либия ва Яман гувоҳ бар он аст, ки терроризм ва экстремизм хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир ҳастанд. Боиси нигаронии мардумони мусулмони ҷаҳон он аст, ки амалҳои террористиву экстремистӣ аксаран таҳти шиорҳои дурӯғини диниву мазҳабии исломӣ сурат мегиранд ва дар натиҷа дар ҷаҳони муосир тасаввури ғалат дар бораи иртиботи терроризму экстремизм бо дини мубини ислом доман паҳн кардааст.
Дар густариши бесобиқаи чунин тасаввури беасос ду омил таъсири бештаре доштанд. Омили аввал зуҳури созмони террористии байналмилалии “Ал-Қоида” дар соли 1988 ва фаъолиятҳои тахрибкоронаи беш аз сисолаи он аст.
Омили дигаре, ки ба густариши тасаввури ботили пайванди ислом бо терроризму ифротгароӣ мусоидат намуд, ин зуҳур ва фаъолияти созмони террористии байналмилалӣ бо номи “Давлати исломӣ” аст. Танҳо ба ҳам омадани қувваҳои тараққихоҳ ва дарки моҳияти зиддибашарии ин созмони террористӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ боис гардид, ки қувваҳои асосии “Давлати исломӣ” торумор гарданд. Вале пайравони боқимондаи ин созмони террористиву экстремистӣ имрӯз ҳам аъмоли тахрибкоронаи худро дар минтақаи Шарқи наздик ва мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон идома дода истодаанд.
Имрӯз аксарияти кулли мардуми сайёра моҳияти зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии идеологияи террористиву ифротгароӣ ва хатари онро барои амнияти ҷаҳон эътироф кардаанд.
Яке аз сабабҳои густариши терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир ин истифодаи сиёсатҳо ва меъёрҳои дугонанисбат ба терроризм ва экстремизм аз ҷониби доираҳо ва қувваҳои манфиатдори ҷаҳон аст. Бояд гуфт, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест, муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё дар пешорӯи ин хатари умумӣ ва тақвияти кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот зарур аст.
Дар моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез, ки дар кори он намояндагони беш аз сад кишвар ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок ва пиромуни тақвияти мубориза бо ин зуҳуроти нафратовари ҷаҳони имрӯз табодули назар карданд, гувоҳи ин гуфтаҳо аст.
Пас аз як сол, 16-17 майи соли 2019 низ бо ташаббуси кишвари мо дар пойтахти зебоманзари Тоҷикистон – шаҳри Душанбе конфронси дуюм таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он тавассути интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” бо иштироки фаъолонаи коршиносону мутахассисони байналмилаливу минтақавӣ ва намояндагони кишварҳои гуногун баргузор гардида, аз зуҳури раванди хос дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир бо номи “Раванди Душанбе” паём расонид. Санадҳои ниҳоии ду конфронси баргузоргардида чун ҳуҷҷатҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид интишор ёфтанд ва мақоми Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои дигар ба субот ва амнияти ҷаҳони муосир дар сатҳи байналмилалӣ боло гашт. Фаъолияти “Раванди Душанбе” минбаъд низ идома пайдо мекунад ва дар тақвияти ҳамкории байни давлатҳо дар мубориза бо терроризм ва шинохти беҳтари он ҳамчун зуҳуроти зиддиинсонии ваҳшатноке, ки ба дини мубини ислом умумияте надорад, саҳми боризе хоҳад гузошт.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон