Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 июли соли ҷорӣ дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва 31 июли соли 2025 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, дар ҷамоати деҳоти Сабо деҳаҳои Қадиҷуйбор 1,2,3 ва 4 ноҳияи Шаҳринав вохӯрии навбатӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав Ҷаборзода Расул оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, татбиқи қонунҳои миллии кишвар, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, баромад намуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои муҳоҷирати шаҳрвандон, шиносоии ҷомеа бо қонунгузории нав дар соҳаи муҳоҷират, таҳдидҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирон ва донишҷӯёни дар хориҷбуда ба гурӯҳҳои мамнуъ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, масъалаҳои таъмини шуғли пурмаҳсул, соҳибкасб гардондани аҳолии бешуғл, аз ҷумла занону бонувон тавассути шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, истифодаи самараноки замин ва руёнидани ду-се ҳосил дар як сол, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии талаф ва истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, тақвияти назорат барои истифодаи самараноки он, суханронӣ намуд.
Дар қисмати саволу ҷавоб сокинон андешаву пешниҳодҳои худро иброз намуда, посухҳои мушаххасу қонеъкунанда дарёфт карданд. Таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд дар дигар деҳоти ноҳия низ идома хоҳанд ёфт ва ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомот ва ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав