Тибқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” оид ба кор таъмин намудани шахсони бекор ва корҷӯянда дар маркази шаҳри Бохтар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил шуд.
Дар ярмаркаи мазкур кормандони раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят, раёсати Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ярмаркаҳо таъмин намудани ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ба ҷойи кори доимӣ ва сокинони бекасб ба шуғли пурмаҳсул мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Инчунин, ба самъи иштирокодорони ярмарка расонида шуд, ки шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия рӯзҳои кам ба шумор мондааст.
Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад.
Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ, ба ҳар як филиали ФГУП “ПВС” ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ), МБМ “Сахарово”-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд), наздиктарин шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис) муроҷиат намоянд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ карда шуд.
Дар фарҷом ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон