Кормандолни масъули раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо пеш аз сафар, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти суҳбат бо муҳоҷирон масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия рӯзҳои кам ба шумор мондааст.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии “ХШР”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва “Сахарово” муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароранд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе