• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ифротгароӣ ва муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
26.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ифротгароӣ ва муҳоҷират
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Раванди муҳоҷират дар даҳсолаи охир ба худ хусусияти табииро касб намудааст. Барои мисол, агар аксарият шаҳрвандони мо ба муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Россия сафар намоянд омори расмии Федератсияи Россия нишон медиҳад, ки миллионҳо шаҳрвандони ин кишвар низ дар муҳоҷирати ғайр мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари афзоиши аҳолӣ, талабот ба ғизо, манзил, заминҳои кишоварзӣ, таъминоти об, инчунин ҷойҳои корӣ меафзояд ва афзоиши аҳолӣ, хусусан дар деҳот, дастрасӣ ба захираҳоро камтар менамояд ва фишор ба бозори меҳнат вусъат ёфта, теъдоди муайяни одамон бинобар набудани ҷойҳои корӣ, камбизоатӣ ва дигар омилҳо барои дастгирии оила ва беҳтар кардани шароити рӯзгор ба хориҷи кишвар сафар менамоянд.

Аммо дар баробари ин имконият, хатарҳое низ вуҷуд доранд. Яке аз хатарҳои ҷиддӣ ин ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани баъзе аз ҷавонон мебошад.

Чаро ҷавонон осебпазиранд?

Надонистани қонун ва забони кишвари қабулкунанда.

Танҳоӣ ва дурӣ аз оила.

Фишори иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои зуд ба даст овардани пул.

Фиреби гурӯҳҳои шубҳанок бо шиорҳои бардурӯғ.

Хавфи “ҷалб шудан”

Гурӯҳҳои ифротӣ бо ваъдаҳои зебо ва истифода аз интернет ҷавононро ба дом мекашанд. Ин на танҳо ба ояндаи худи онҳо, балки ба амнияти тамоми ҷомеа хатар дорад.

Огоҳӣ – сипари муҳоҷир                                                                          Пеш аз сафар ҷавонон бояд забон омӯзанд, касбият дошта бошанд, қонуну қоидаҳои муҳоҷиратии давлати қабулкунандаро донанд. Дар чорабиниҳои иттилоотӣ, вохӯриҳо ва семинарҳо, ки пайваста баргузориашон роҳандозӣ карда шудааст иштирок намуда, аз хавфҳои эҳтимолӣ огоҳ бошанд.

Дастгирӣ дар хориҷ

 Бо фаъолияти Сафорат, Консулгарӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шинос шуда, суроға ва рақамҳои телефони онҳоро дошта бошанд. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки худро танҳо эҳсос накунем.

Интернет: хатар ё имконият?

Шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи асосии таблиғи гурӯҳҳои ифротӣ шудаанд. Телефонҳои мобилӣ имрӯз қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар як ҷавон гаштаанд. Онҳо воситаи муҳим барои таҳсил, муошират ва дастрасӣ ба маълумот мебошанд. Аммо истифодаи нодуруст ё заиф будани тафаккури интиқодии шахс метавонад ба оқибатҳои манфӣ, аз ҷумла ба шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ оварда расонад.

Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки худро аз таблиғоти зараровар ва даъват ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ дорад.

Оила – қалъаи муҳофизатӣ

Муколамаи доимии волидон бо фарзандонашон, маслиҳатҳои дӯстона ва дастгирӣ метавонад муҳоҷирро аз роҳгумӣ эмин нигоҳ дорад. Мо бояд донем, ки пайвандони мо берун аз кишвар дар куҷо кор мекунанд, ҳолати ҳуқуқии будубоши онҳо дар кадом сатҳ, дар иҳотаи чи гуна одамон мебошанд.

Хулоса

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ кори дастаҷамъона аст. Давлат, ҷомеа, оила ва худи ҷавонон бояд якҷо амал кунанд.

Ҷавонони мо бояд ҳамеша бо ҳисси баланди хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ зиндагӣ кунанд. Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки дар  хориҷи кишвар на танҳо муҳоҷиранд, балки намояндаи як миллати бузургу бофарҳанг мебошанд. Аз сатҳу рафтор, ҷаҳонбинию муошират ва ахлоқи онҳо симои миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Алимардонов Фаридун,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

Previous Post

Истиқлолият – хишти бунёди давлати навини тоҷикон!

Next Post

Истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ

Next Post
Истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ

Истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.