Санаи 26 августи соли равон намояндагони Ассотсиатсияи ташхис ва хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ Gangwon ва ширкатҳои Wooripeopl Co Ltd и TI&C (КИА ва Хундай) таҳти роҳбарии СангМу Ли бо мақсади омӯзиши имконият ва инфрасохтори лозимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодасозӣ ва сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Корея дар асоси системаи иҷозати кор (EPS) ба Хадамоти муҳоҷират ташриф оварданд.
Зимни мулоқот бо сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, тарафҳо оиди муташаккилона сафарбарнамудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ муваққатӣ ба Ҷумҳурии Корея дар ширкатҳои автомобилсозӣ, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Аз тарафи худ, Сардори Хадамоти муҳоҷират ба меҳмонони кореягӣ муфассал дар бораи фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирон” дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои кишвар маълумоти мухтассар дод.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомўзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла омӯзиши забони кореягӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.
Фароҳам овардани шароит барои кор кардани ин захираҳо ба манфиати худи шаҳрвандон ва умуман ҷомеа, вазифаест, ки давлат дар маркази сиёсати муҳоҷирати худ қарор медиҳад. Маҳз бо ҳамин мақсад аз ҷониби Ҳукумати кишвар “Стратегияи миллии танзими равандҳои муҳоҷират барои давраи то соли 2040” тасдиқ карда шуд, ки ин санад бори нахуст дар таърихи истиқлоли мо ҷанбаҳои башардӯстона, иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷиратро дар як сиёсати ягонаи ҳамаҷониба муттаҳид намуд. Яке аз самтҳои муҳимтарини он зарурати рушди фарҳанги молиявӣ дар байни муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, имзои лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва механизми татбиқи созишномаҳои байни сохторҳои вазорат ва музофоти Ҷумҳурии Корея ба имзо расидаро ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар Корея баррасӣ карданд. Бояд тазаккур дод, ки воридшавӣ ба низоми EPS имконият медиҳад ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар рафти корашон ҳифз карда шаванд.
Дар рафти суҳбат роҳбари Ассотсиатсия ҷаноби СангМу Ли иброз намуд, ки мақсад аз ташриф ба Хадамоти муҳоҷират ин аз наздик ошно шудан аз вазъи иншоотҳои марбут ба хизматрасонии воситаҳои нақлиёт, рангуборкунӣ ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ қайд намуд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Корея 700 ширкатҳои автомобилсозӣ фаъолият менамояд, ки ба коргарон эҳтиёҷ доранд. Аз ҷумла, дар ин ширкатҳо 10 ҳазор нафар коргар намерасад, аз қабили рангуборкунии автомобилҳо. Шаҳрвандоне, ки баъди санҷиши ихтисос, ки дар рӯзҳои наздик баргузор мегардад, ба ширкатҳои автомобилсозӣ равона мегарданд. Онҳо бо ҷойи хоб, хурока ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Айни замон байни Хадамоти муҳоҷират ва ширкатҳои автомобилсозии Ҷумҳурии Корея шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст. Инчунин, намояндагони кореягӣ аз МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва бинои нави Хадамот, ки айни замон корҳои сохтмонӣ идома дорад, дидан намуданд. Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират