Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати дар шаҳри Хуҷанд дар “Маркази тиҷоратии комплекс Баҳор”-и бозори Панҷшанбе бо шаҳрвандон ва фурӯшандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ҷомеъа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан бозгаштанд, доир ба эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, ҳимояи он аз таҳдиди хатарҳои муосир, мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодаги пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ- маърифатӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Аз ҷумла, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия: Пас аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия шаҳрванд бояд худро дар қайди муҳоҷирати (регистратсия) гузорад. Муҳлати ба қайди муҳоҷирати гузошта шудан – 15 рузи тақвимӣ аз рузи ворид шудан ба Россия мебошад (шанбе ва якшанбе дохил мешаванд). Барои ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шудан, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷойи зист дарёфт намояд ва танҳо тарафи қабулкунанда (шаҳрванди ФР, шаҳрванди хориҷии Иҷозати истиқомати доимӣ дошта (ВНҶ), корфармо) метавонад уро дар қайди муҳоҷирати гузорад.
Ҳуҷҷатҳои лозима (аслӣ ва нусха):
Шиносномаи хориҷӣ (биометрикӣ)
Корти муҳоҷиратӣ бо муҳри корманди сарҳадот оид ба воридшавии шаҳрванди хориҷӣ;
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон барои муқовимат кардан ба идеологияи экстремистӣ ва террористӣ пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба табақаҳои гуногуни ҷомеа тавсия карда шуд.
Чунин вохӯриҳои судманд бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд