Дар олами кадрҳои ҳиҷраткунанда

[:tj]Ҷаҳони муосир ба коргарон талаботҳои баланд гузоштааст. Мутахассис бояд ҳаматарафа маълумотнок буда, мафкураи баланд дошта, дар бисер соҳаҳои фаъолияти инсон осон ва бе мушкилот ҷой гирифта тавонад. Ба ғайр аз ин, мутахассис бояд зудамалӣ нишон дода, ба талаботҳо ва дигаргуниҳои бозори меҳнат аҳамият дода, ҳангоми иваз намудани касбу ҷои кор бо бозомузӣ машғул шавад. Савол ба миён меояд, ки зарурат ба ин гуна дигаргуниҳо кай ва дар кадом ҳолат ба амал омада метавонад?

Дар омори ҷаҳонӣ қайд шудааст, ки мутахассисони дунё бештар дар табодулу ҳаракатанд. Масъалан, дар Америка, тибқи нишондоди пурсишҳо 67% мутахассиси амрикоӣ касби худро иваз карданиянд. Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки аз се ду ҳиссаи амрикоиҳо дар як ҷои корӣ на бештар аз панҷ сол меҳнат мекунанд, ними ҳамаи коргарон камтар аз ду сол.
Ротатсия кадрҳо дар ғарб кори маъмулӣ аст. Дар Шветсия, ҳар як одам дар ҳаёт тақрибан ду се маротиба касби худро таъғир медиҳад.

Бояд гуфт, ки табдили ҷои кор ва табдили касб зуҳуроти комилан фарқкунанда ҳастанд. Қисмати бештари мардум бо сабабҳои характери иқтисодӣ дошта, ҷои корашонро иваз мекунанд, то ки ба ҷои кори хубтар ва ба зинаҳои баландтар соҳиб шаванд. Ҳангоми иваз намудани касб ҳадафҳо дигаранд. Инсон, дар ин ҳолат ба ёфтани кори ба таъби дил ё ин ки бо касби нав ба даст даровардани музди маоши беҳтар, агар гузариш маҷбурӣ бошад, кушиш мекунад.

Дар ҳолати иваз намудани касб шахс мувозинати ҳаётиаш дигаргун гашта, чандин вақт аз тартиби муқаррарӣ берун афтода, маълумоти иловагӣ ба даст меорад, соҳиби таҷрибаи зарурии касбӣ мегардад, аммо эҳтимолияти бад шудани ҳолати молиявӣ таҳдид хоҳад кард. Дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани стратегияи амал, пас аз чанд моҳ, баъзан чанд сол инсон касби навро пурра аз худ мекунад.

Пажуҳишгарони соҳаи иҷтимоиёт дар ақидаеанд, ки ҳар як касбу вазифа захираи вақтиро доро аст. Одатан, роҳбарон дар вазифаи идоракунанда, одатан на камтар аз панҷ сол, менеҷерон, ду – се сол, маркетологон, тақрибан се сол дар як ҷой меистанду халос. Хуқуқшиносону муҳосибон бошанд, тақрибан дар як вазифа на бештар аз панҷ сол кор мекунанд.

Аз ҳама бештар вазифаи худро котибон иваз мекунанд, ки на камтар аз як маротиба дар як сол мебошад, мегуянд коршиносон. Савдорагон бошанд, ҳамчунин аз ҳама серҳаракаттаранд, онҳо хеле кам дар як ҷой бештар аз як сол меистанд.

Дар Тоҷикистон солҳои пешин мардум ҷои кори худро хеле кам иваз мекарданд. Аммо бо гузариш ба иқтисоди бозорӣ, прогресс ва дигаргуниҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷаҳонӣ, талабот ба зудамалӣ вобаста ба ҳолати талаботи бозори меҳнат, зарурати иваз намудани на танҳо ҷои кор, инчунин, табдили касбу малака ба миён омадааст.

Мардум дар баробари доштани дипломи макотиби олӣ дар касбҳои ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ, инженер ва дигар тахассусҳои баландихтисос, боз такмил ва бозомузӣ намуда, касбҳои муҳосибӣ, менеҷерӣ ва тарҷумониро аз худ мекунанд. Ҳастан нафароне, ки ғайр аз доштани касбҳои баландихтисос, дар муассисаҳои омузишии касбӣ-техникӣ тахассуси коргари миёнаро меомузанд, зеро талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони техникӣ талаботи бештар дорад.

Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони мо дар хориҷа, алалхусус дар Федератсияи Россия нишон медиҳад, ки ҳатто дорандагони диплом ва тахассуси баланд, ба мисоли иқтисодчиву ҳуқуқшинос, филологу таърихшинос ва ҳатто физико-математика кам андар кам дар ин давлат бо касби худ ҷои кор меёбанд. Аммо талабот ба касбҳои сохтмончӣ, ҳарроту барқчӣ, кафшергару кошинкор ва дигар касбҳои меҳнати дастӣ бештар мебошад. Тибқи талаботҳои кордиҳандагони россиягӣ ва тадқиқоти пажуҳишгарони соҳаи бозори меҳнат, дар худи Россия ба касбҳои номбаркарда бештар мутахассис намерасад.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо