Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути парвоз ба самти Федератсияи Россия сафар менамуданд, мулоқоту суҳбатҳо баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуда, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош доранд, рӯзҳое ба шумор мондааст.
Фармони мазкур имконият медиҳад, ки то 10 сентябри соли 2025 ҷиҳати ба расмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
Тавсия дода шуд, ки шаҳрвандон вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шуъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии “ХШР”-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва “Сахарово” муроҷиат намоянд.
Инчунин, ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp)
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират