• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризми муосир аз нигоҳи психологӣ дар худ як қатор хусусиятҳои фарқкунанда дорад

Migration Service by Migration Service
04.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризми муосир аз нигоҳи психологӣ дар худ як қатор хусусиятҳои фарқкунанда дорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Терроризми муосир аз нигоҳи психологӣ дар худ як қатор хусусиятҳои фарқкунанда дорад. Терроризм як воситаи таъсири равонӣ буда, хусусияти фарқкунандаи он ин аст, ки дидаю дониста муҳити тарс, афсурдаҳолӣ ва шиддатнокӣ фароҳам оварда мешавад. Дар баробари ин, фазои тарс ва изтиробнокӣ на дар сатҳи инфиродӣ ё гурӯҳи маҳдуд, балки дар сатҳи иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, омили ба таври объективӣ инкишофёфтаи иҷтимоӣ – психологиро ифода мекунад, ки ба шахсони дигар таъсир расонида, онҳоро маҷбур мекунад, то ҳама гуна амалҳоро ба манфиати террористон ё шартҳои онҳоро худ қабул ва анҷом диҳанд. Эҷоди фазои тарс баёнгари терроризм, зуҳурот ва моҳияти он аст. Ҳадафи асосии ӯ на онҳое, ки қурбон шудаанд, балки онҳое аст, ки зинда мондаанд, маҳсуб меёбад. Мақсади онҳо ҳам куштор ва ҳам тарсонидану паст задани ахлоқ, одоб, рафтори инсоният аст. Ҳамин тавр, ба ҷамъият на танҳо зарари моддию иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки осеби дардноки психологӣ ҳам мерасонад.

Тадқиқотҳо нишон доданд, ки назорату мубориза аз болои терроризм – ин муайян кардани қувваҳо ва ҳолатҳо, андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дигар чораҳои пешгирӣ, рафъи фаъолияти террористӣ мебошад.Терроризм ҳамчун заминаи фарҳангӣ – нигилизм – даст кашидан аз ахлоқи умумиро дорад. Арзишҳои умумибашарии инсонӣ рад карда мешаванд – онҳо барои терроризми муосир вуҷуд надоранд. Он ҳуқуқи асосии инсон – ҳуқуқ ба ҳаётро инкор мекунад.

Амалҳои террористӣ бо хусусияти оммавии иҷрои онҳо фарқ мекунанд. Терроризм бе ошкорбаёнии васеъ, бидуни баёни ошкорои талабот вуҷуд надорад. Терроризм ҳамеша як даъват ва ё талаб барои ҷомеа аст. Дар пояи он ҳаёти беарзиши инсонӣ меистад. Дар амалҳои террористӣ аксар вақт хатар, таҳдид ва дигар амалҳое, ки барои тарсонидани одамон пешбинӣ шудаанд, сурат мегирад.

Дар воқеъ худи амали террористӣ боиси расидан ба ҳадафҳои эълоншуда намегардад. Аксар вақт ин танҳо як баҳонае барои террористон дар намоиш додани талабот ва имкониятҳои худ мебошад. Пас аз худи амали террористӣ одатан созмондиҳандагон, ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони он барои иҷрои он “масъулиятро” ба дӯш гирифта, аз номи он чӣ амали террористӣ содир шудааст, инчунин баъзан шартҳои боздоштани ин амалҳоро эълон мекунанд. Ҳамин тариқ, ҳатто бе ноил шудан ба ягон ҳадафи калон ва асосӣ, онҳо ба ҳадафҳои хурди хеш ноил мешаванд: ташкилот бештар “авторитет” шуда, дар бораи ин гурӯҳ дар ҷомеа маълумот паҳн мешавад.

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки терроризм – ин як шакли махсуси зӯроварӣ, ки бо бераҳмӣ, мақсаднокӣ ва зоҳиран самаранокии хеле баланд хос аст. Дар асл, ин амали намоишкоронаи харобиовар, вайронкунанда бо мақсади ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос, тарсонидани рақибони худ ё тамоми аҳолӣ мебошад.

Терроризм аз ҷиҳати равонӣ идомаи табиии радикализм, ифротгароӣ ва фанатизм аст. Ин ифротгароии воқеист, ки акнун на дар ақидаҳои назариявӣ, балки дар амалҳои бевоситаи амалии бо мутаассиби нодир бо номи ақида ва арзишҳои комилан радикалӣ сурат мегирад.

Гулмаҳмадзода Шамшод,

Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллат

Next Post

Роҳҳои пешгирии терроризм

Next Post
Роҳҳои пешгирии терроризм

Роҳҳои пешгирии терроризм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.